Дар Коллеҷи тиббии Ваҳдат даври шаҳрии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷараён дорад

Апрель 26, 2022 10:37

ВАҲДАТ, 26.04.2022 /АМИТ«Ховар»/. Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат бо иштироки донишҷӯёни болаёқат ва аъзои ҳакамон даври шаҳрии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷараён дорад, хабар додааст мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД.

Директори Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат Бобохон Чилазода иброз намуд, ки «дар даври муассисавии озмун зиёда аз 220 нафар довталаб иштирок намуданд, ки аз онҳо барои гирифтани роҳхат ба даври шаҳрӣ 80 нафар донишҷӯи болаёқат ҳоло рақобат доранд».

Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҳамасола дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат дар сатҳи баланди ташкилӣ доир мешавад. Ду нафар донишҷӯи коллеҷи мазкур дар сатҳи ҷумҳурӣ сазовори ҷойҳои якум ва сеюм гардида, бо маблағҳои 35 ва 20 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шуданд. Ин пешравиҳоро дида, ҳоло фарогирии бештар ба мутолиаи асарҳои хонданӣ, боло рафтани сифати омӯзишу омодагии довталабон, муносибати ҷиддии масъулин ва устодону волидайни иштирокдорон ба ин озмун мушоҳида мегардад.

Тибқи иттилои масъулини Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат, соли сипаригардида устодону ғолибони озмун бо маблағи умумии 25 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ гардиданд. Ин ҳавасмангардонӣ сабаб гардидааст, ки сафи иштирокчиёни озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар коллеҷи мазкур зиёд гардад ва мутолиаи китобҳо миёни муҳассилин зиёд шавад.

Хушбахтона, Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат дорои китобхонаи замонавӣ ва китобхонаи электронӣ мебошад, ки донишҷӯён- иштирокчиёни озмун метавонанд дилхоҳ китобро дастрас намуда, мутолиа намоянд.

Моҳи апрели соли равон дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ваҳдат даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор шуд, ки дар натиҷаи рақобати шаффоф 407 нафар хонанда ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифтанд. Дар даври шаҳрӣ аз 407 нафар дар номинаи адабиёти бачагона 236 нафар, номинаи адабиёти классикӣ 96 нафар, номинаи адабиёти муосир 72 нафар, номинаи адабиёти ҷаҳон 2 нафар ва номинаи эҷоди назму наср як нафар дар назди аъзои ҳакамон бо ҳам рақобат доранд.

Иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар шаҳри Ваҳдат бештар наврасон мебошанд. Озмуни мазкур дар баланд бардоштани завқи китобхонии наврасон, ғанӣ гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҳофиза ва суханвару сухандон гардидани онҳо нақши назаррас мегузорад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 26, 2022 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад