Дар Маҷлиси намояндагон Шартнома миёни Тоҷикистон ва Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини нафақа баррасӣ шуд

Апрель 13, 2022 15:50

ДУШАНБЕ, 13.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагон.

Дар иҷлосия Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба кумаки грантии Ҳиндустон барои татбиқи лоиҳаҳое, ки ба ҷомеаҳо таъсири назаррас доранд, Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини нафақа ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи байторӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зикр шуд, ки Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини нафақа ҷиҳати танзими ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тарафҳои аҳдкунанда дар самти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нигаронида шуда, аз дебоча, 5 фасл ва 22 модда иборат мебошад.

Тибқи Шартномаи мазкур минбаъд тарафҳо барои собиқаи кории шаҳрвандони ҳарду тараф, ки дар ҳудуди кишвари худ ба суғуртаи нафақавӣ фаро гирифта шудаанд, дар асоси қонунгузории худ нафақа таъйин мекунад, яъне агар шаҳванди Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатӣ анҷом дода бошад, бо риояи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯ мутаносибан ба собиқаи меҳнатиаш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нафақа таъйин карда мешавад. Инчунин ҳамин тартиб нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Русия фаъолияти меҳнатӣ анҷом медиҳанд, тибқи қонунгузории Федератсияи Русия ба онҳо мутаносибан ба собиқаи кориашон дар ин кишвар нафақа таъйин карда мешавад, ки доираи татбиқи онро моддаи 2 Шартномаи мазкур танзим менамояд.


Дар иҷлосия ҳамчунин зикр гардид, ки Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба кумаки грантии Ҳиндустон барои татбиқи лоиҳаҳое, ки ба ҷомеаҳо таъсири назаррас доранд, 16 декабри соли 2021 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаҳо ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ, дастгирии воситаҳои зиндагӣ, тавонмандсозии занон, некӯаҳволии кӯдакон ва муҳайё сохтани шароити зисти аҳолӣ дар маҳалҳо, бахусус тавассути ташкили инфрасохтори иҷтимоӣ барои соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, инчунин соҳаҳои кишоварзӣ ва саноати аграрӣ, обрасонии хурд, энергияи барқароршаванда, савдо, нақлиёт ва коммуникатсия равона карда мешаванд.

Мақсад аз лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи байторӣ», пеш аз ҳама, танзими меъёрии ҳуқуқии муносибатҳо оид ба нигоҳдории ҳайвоноти хонагии ғайрикишоварзӣ бо дарназардошти аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ ба миён гузоштани масъалаи мазкур, дақиқ намудани хусусияти муносибатҳо ба ҳайвоноти беназоратмонда, пешгирии муомилаи бераҳмона нисбат ба онҳо, ташкили фаъолияти босамари паноҳгоҳҳо барои ҳайвонот ва ваколатҳои мақомоти давлатию мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ номида шуд.

Масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияро ба вакилони мардумӣ Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода, муовини раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Қаландарзода, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода вакилони Маҷлиси намояндагон Мунаввар Абдусаломзода ва Мирзоанвар Ахмедов муаррифӣ намуданд.

АКСҲО: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 13, 2022 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи ғайринавбатии Кумитаҳои доимии Ассамблеяи СААД ба таври маҷозӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ баргузор мегардад
Конститутсияи Тоҷикистон дар қатори панҷ конститутсияи беҳтарини ҷаҳон қарор дорад, -бардошт аз ҳамоиш дар Парлумон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ доир гардид
Файзалӣ Идизода бо Раиси Сенати Ҷумҳурии Исломии Покистон мулоқот намуд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон вохӯрӣ намуд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои ташкилӣ ва фаъолиятии моҳиятан нави Маҷлиси Олиро муқаррар намуд
Файзалӣ Идизода бо Сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Файзалӣ Идизода бо раисони кумитаҳо, комиссияҳои мудофиа ва амнияти парламентҳои давлатҳои СААД мулоқот намуд
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия ба тасвиб расид
Файзалӣ Идизода бо Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Раиси Кумитаи ҳуқуқи инсони Подшоҳии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд