Дар Минск баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баррасӣ шуд

Апрель 8, 2022 08:22

ДУШАНБЕ, 08.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 6 апрел вохӯрии Сафири  Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Маҳмадшариф Ҳақдод бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Беларус Игор Назарук баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни суҳбат ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Беларус мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Ҷонибҳо вобаста ба баргузории ҷаласаи 15-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои дуҷониба мубодилаи афкор намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Комиссияи 14-уми байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ 5 апрел дар Душанбе баргузор гардида буд.

Дар ҷаласа ҳамкорӣ дар самти рушди иқтисод, тиҷорат, маориф ва илм, тандурустӣ, сайёҳӣ ва дигар самтҳои муҳими байниҳукуматӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз ҳарду ҷониб ҳавасмандӣ изҳор гардида буд.

АКС аз ВКХ ҶТ

Апрель 8, 2022 08:22

Хабарҳои дигари ин бахш

COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд