Дар Намоишгоҳи байналмилалии «ИНОПРОМ» дар Тошканд Тоҷикистонро 28 корхонаи саноатӣ намояндагӣ менамоянд
ДУШАНБЕ, 23.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 25-27 апрел дар Тошканд Намоишгоҳи байналмилалии саноатии «ИНОПРОМ. Осиёи Марказӣ» баргузор мегардад. Дар намоишгоҳ ва барномаи тиҷоратӣ беш аз 700 ширкати истеҳсолӣ ва ҳайатҳои тиҷоратӣ аз Узбекистон, Русия, Тоҷикистон, Беларус, Маҷористон, Фаронса, Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон иштирок менамоянд. Дар намоишгоҳи «ИНОПРОМ. Осиёи Марказӣ» Тоҷикистонро 28 корхонаи саноатӣ намояндагӣ мекунанд. Ҳайати Тоҷикистонро Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир раҳбарӣ менамояд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Зарфият ва иқтидори саноатии Тоҷикистонро дар намоишгоҳи «ИНОПРОМ.Осиёи Марказӣ» корхонаю ширкатҳои бузург ва бонуфузи саноатӣ, назири «ТALCO», «Хуаксин семент», «Зиркон», «Фон Яғноб», «Ғалла», «Рухом», «Асрори санг», «Вахдат текстайлз», «Ҷунтай Данғара Синсилу», «Сифат саноат», «Атласи Хуҷанд», «Қолинҳои Қайроққум», ҶСК «Гулистон», «Амирӣ», «Оби зулол», «Сиёма», «Фасонак», «Ҷавонӣ», «Пиллаи Тоҷик», «Лаъл», «Акия Авесто», «Норд Азия Металл», «Зарри Суғд» ва ғайра муаррифӣ менамоянд.
Қисматҳои асосии намоишгоҳ аз бахшҳои металлургия ва масолех, автоматикунонии саноат, мошинсозӣ ва истеҳсоли қисмҳои комплектӣ, ҷузъҳо ва ғайраҳо иборат мебошанд.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ифтитоҳи намоишгоҳ бо баргузории ҷаласаи асосии «Осиёи Марказӣ: фазои пешрафти технологӣ» бо иштироки муовини Сарвазир – вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Узбекистон Сардор Умурзоқов, Вазири саноат ва савдои Русия Денис Мантуров, вазири саноати Беларус Петр Пархомчик, Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир, вазири иқтисоди Арманистон Ваган Керобян ифтитоҳ меёбад. Барномаи тиҷоратии намоишгоҳ беш аз 20 ҷаласаҳои махсусро оид ба муҳимтарин мавзӯъҳои саноатӣ фаро мегирад:
- ҳамкории байналмилалӣ дар Осиёи Марказӣ: маҳсулот ва технологияҳои нав;
муҳити мусоиди шаҳр: технологияҳое, ки ҳаёти моро тағйир медиҳанд; - роҳҳои татбиқи лоиҳаҳои Русияву Узбекистон дар соҳаи саноати сабук. Муҳандисӣ. Ҳамкорӣ;
- ҳамкорӣ дар саноат: рақамикунонӣ, автоматикунонӣ ва технологияҳои пешрафта;
- шарикии Русия ва Узбекистон дар соҳаи дорусозӣ ва саноати тиббӣ.
Инчунин дар доираи лоиҳаи махсуси «Донишгоҳи ИННОПРОМ» барои мутахассисони ҷавон ва донишҷӯён маърӯзаҳо гузаронида мешаванд. Роҳбарони корхонаҳои бузурги саноатии Русия, инчунин ректорони донишгоҳҳои Русия доир ба роҳҳои идора намудани истеҳсолоти муосир пешниҳодҳо менамоянд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Форуми дуюми байналмилалии сармоягузории Озарбойҷон имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
Ҷалби сармояи Британияи Кабир ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар ҷаласаи Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ рушди ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ баррасӣ шуд
Дар Урумчӣ масъалаҳои тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Синзян баррасӣ шуданд
Дар Душанбе масъалаҳои идоракунии муосири таваккал дар фаъолияти гумрукӣ баррасӣ шуданд
Масоили табодули таҷриба ва омӯзиши мутахассисони тоҷик дар озмоишгоҳҳои Институти байтории Италия баррасӣ гардид
Байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Русия Протокол ба имзо расонида шуд
Дар Минск масъалаҳои рушди ҳамкории геологӣ дар доираи ИДМ баррасӣ гардиданд
Дар вилояти Суғд ҳар сол қариб дар 35 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида мешавад
Густариши робитаҳои мустақими соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид
Рушди робитаҳои тиҷоратию сармоягузории бахши хусусӣ байни Тоҷикистон ва Чин баррасӣ карда шуд
Дурнамои ҳамкорӣ байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Полша баррасӣ гардид






