Дар нишасти гурӯҳи кории Осиёи Марказӣ стандартҳои сифат ва навъи маҳсулот баррасӣ шуданд

Апрель 20, 2022 10:19

ДУШАНБЕ, 20.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 18-19 апрел дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон нишасти 6-уми Гурӯҳи кории Осиёи Марказӣ оид ба содироти маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар нишасти 6-уми гурӯҳи корӣ ҷонибҳо масъалаҳои стандартҳои сифат ва навъи маҳсулот, истифодаи иттилооти савдо ва бозор барои пешбурди содирот, татбиқи стандарти байналмилалии Global G.A.P. ва дигар стандартҳои соҳавӣ миёни истеҳсолкунандагон, коркардкунандагон, содиркунандагон ва ҷорӣ намудани стандартҳои бехатарии озуқавориро баррасӣ намуданд.

Ҷонибҳо барои пешбурди содироти маҳсулоти кишоварзӣ нақшаҳои гурӯҳи кории техникии Осиёи Марказӣ барои солҳои 2022-2023 ва лоиҳаи якчанд маводи тафсирӣ, стандартҳо ва методологияи пешниҳоди онро мувофиқа карданд.

Нишасти гурӯҳи корӣ бо мақсади баррасии нақшаҳои ҳамкории минбаъда ва таҳияи мавқеи мувофиқашуда оид ба лоиҳаҳои амалишаванда дар самти содироти маҳсулоти кишоварзии Осиёи Марказӣ ҳар сол баргузор мегардад.

Ёдовар мешавем, ки дар нишасти мазкур ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода, муовини директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо Ситора Шерзода, муовини директори Агентии содирот Баҳодур Раҳимзода, намояндаи Вазорати кишоварзӣ, инчунин намояндагони бахши хусусӣ иштирок намуд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

 

Апрель 20, 2022 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид