ДАР РӮЗИ ДУЮМИ РАМАЗОН. Дар Кобул норинҷакро таркониданд ва 33 нафар дар бемористон бистарӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 04.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба бемористони Кобул 59 нафар интиқол ёфтанд, ки бар асари таркиши норинҷак дар як нуқтаи саррофӣ ҷароҳат бардоштаанд, хабар медиҳад АМИТ Ховар бо истинод ба Reuters.
Таркиш рӯзи якшанбе, 3 апрел, дар рӯзи дуввуми моҳи шарифи Рамазон рух дод. Яке аз қурбониён дар бемористон ба ҳалокат расида, 33 нафар бистарӣ шудаанд.
Қаблан вазорати умури дохилии Афғонистон дар бораи даҳ қурбонӣ хабар дода буд. Ба гуфтаи мақомоти интизомӣ, норинҷакро ба маркази саррофӣ ҳамлагаре партофтааст, ки қасди ғорат доштааст.
Масъулиятро ҳеҷ гурӯҳе бар уҳда нагирифтааст.
Ҳамла пас аз оромии нисбии хушунат дар моҳҳои сарди зимистон сурат гирифт. Толибон мегӯянд, ки онҳо аз замони ба қудрат расидан дар моҳи август кишварро эмин нигоҳ доштаанд, аммо мақомоти байналмилалӣ ва таҳлилгарон мегӯянд, ки хатари эҳёи ҷангталабӣ дар кишвар боқӣ монда, гурӯҳи «Давлати исломӣ» аз чанд ҳамлаи бузург хабар додааст.
АКС аз ТАСС
________________________________
* Гурӯҳи дар Тоҷикистон мамнӯъ








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






