Дар Роштқалъа даври дуюми озмуни «Ватанпарвар» баргузор гардид
ХОРУҒ, 07.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар майдончаи варзишии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Видоҷи ноҳияи Роштқалъа даври ноҳиявии озмуни ҳарбӣ-варзишии «Ватанпарвар» баргузор гардид, ки дар он муассисаҳои таълимии шаш ҷамоати ин ноҳия ширкат намуданд. Иштирокчиёни озмун аз намудҳои сафороӣ, вазнбардорию бандкашӣ, дорбозию ба рӯ кашидани ниқоби газӣ ва амсоли инҳо миёни ҳам рақобат намуданд, иттилоъ медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».
Муовини сардори Бошгоҳи варзишию техникии Ташкилоти мададгори мудофиаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Наҷиб Солеҳҷонов шартҳои озмуни «Ватанпарвар»-ро тавзеҳ дода, изҳор намуд, ки “яке аз ҳадафҳои озмун — ин баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва ифтихор аз ватану миллат мебошад. Ҳамчунин ба хизмати Модар-Ватан омода намудани насли наврас аз мақсадҳои дигари ин озмун аст. Пайваста баргузор намудани ҳамин гуна чорабиниҳои ҳарбию варзишӣ буд, ки дар чанд соли охир нақшаи даъвати баҳорию тирамоҳӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар як рӯз таъмин мегардад”.
Дар озмуни ноҳиявӣ шаш даста аз ҷамоатҳои деҳоти Барвоз, Сежд, Роштқалъа, Қурбоншо Гадоалӣ, Мирсаид Миршакар ва Тусён ширкат варзида, миёни ҳам аз намудҳои гуногуни ҳарбӣ-варзишӣ рақобат карданд.
Озмуни «Ватанпарвар» бо шарти аввал — сафороӣ оғоз гардид. Хизмати ҳарбӣ дар кулли қисмҳои низомӣ маҳз аз сафороӣ, қадамзании бонизом, иҷрои амрҳои афсарон шурӯъ мешавад ва аз ин рӯ наврасон бояд аз давраи таҳсил дар мактаб бо тарзу шеваи сафороӣ аз наздик шинос бошанд. Агар наврасон то хизмати ҳарбӣ маълумоти ибтидоии назариявию амалӣ дошта бошанд, мушкилиҳои аввали хизмати ҳарбиро ба осонӣ пушти сар мекунанд.
Ҳамин тавр, иштирокчиён шартҳои дигари озмун- вазнбардорию бандкашӣ, дорбозӣ, ба рӯ кашидани ниқоби газӣ, тирпаронӣ ва амсоли инҳоро иҷро намуданд.
Дар ҷамъбасти озмуни «Ватанпарвар» мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Роштқалъа Мамадамбар Мамадамбаров ба мутахассисони Бошгоҳи варзишию техникии вилоят, Маркази таҳсилоти иловагии ноҳия ва омӯзгорони дифои ҳарбӣ барои дар сатҳи баланд баргузор кардани озмуни «Ватанпарвар» аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия миннатдорӣ баён кард. Изҳори умедворӣ карда шуд, ки дастаи мунтахаби ноҳия дар озмуни вилоятӣ маҳорат ва истеъдоди баланд нишон дода, сазовари мақоми ифтихорӣ мегардад.
Акнун ҳакамони озмуни ноҳиявӣ аз миёни шаш даста беҳтаринҳоро интихоб ва онҳоро ба озмуни вилоятӣ омода мекунанд. Ногуфта намонад, ки соли гузашта дастаи мунтахаби ноҳияи Роштқалъа дар озмуни вилоятӣ ҷои аввал ва дар озмуни ҷумҳуриявӣ мақоми дуввумро гирифт.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»








Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






