Дар шаҳри Ваҳдат 208 килограмм маҳсулоти хӯроквории ғайристандартӣ нобуд карда шуд
ВАҲДАТ, 19.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони озмоишгоҳи маҳсулоти хӯроквории Маркази ташхиси минтақавии «Тоҷикстандарт» дар шаҳри Ваҳдат имсол 424 намунаи ташхиси маҳсулоти хӯрокворӣ гузарониданд, ки дар натиҷаи он маҳсулоти хатарнок ва ғайристандартӣ ошкор гардида, ба миқдори 208 килограмм маҳсулоти гӯштӣ, нон, чойи хушк, равғани растанӣ, нӯшокиҳои ташнагишикан ва дигар намуди маҳсулоти ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ набуда дар ҳайати комиссияи давлатӣ нобуд гардонида шуд. Дар ин бора директори Маркази ташхиси минтақавии «Тоҷикстандарт» дар шаҳри Ваҳдат Пулод Мирализода ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Ҳамчунин дар ин давра аз тарафи бахши воситаҳои ченак 626 воситаи ченак аз назорати давлатӣ гузаронида шуда, бо шаҳодатномаи ваколатдор таъмин гардид.
Имсол тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи баҳогузории мутобиқати корхонаҳои истеҳсоли молу маҳсулот аз тарафи бахши баҳодиҳии мутобиқат 53 адад сертификати мутобиқат дода шуд. Аз ин шумора 16 ададаш корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ мебошанд, ки бо сертификати мутобиқат таъмин гардиданд.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид






