Дар Спитамен ҷаласаи аввалини ситоди корӣ оид ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон доир шуд
ДУШАНБЕ, 06.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 4 апрел дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен ҷиҳати таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи аввалини ситоди корӣ бо иштироки аъзои гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷаласаи ситоди корӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлуда Қаландарзода, муовини якум ва муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту идораҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, аъзои гурӯҳи кории ҷамоатҳо, соҳибкорон, имомхатибон, роҳбарони муассисаҳои маориф, раисони кумитаи маҳаллаҳо ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Д
ар ҷаласа масъалаҳои ҷараёни иҷрои нақшаи андоз дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ ва омодагии соҳаҳои иқтисодиёт ва саноат ба ҷамъбасти семоҳаи якум, иҷрои дурнамои кишти пунбадона дар хоҷагиҳои кишоварзӣ, вусъат додани корҳои саҳроӣ, омодагӣ ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия ва муаррифии аъзои гурӯҳи кории ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия баррасӣ гардиданд.
Зикр гардид, ки бо мақсади таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзу густариши арзишҳои фарҳанги миллӣ ва таъмини рушди босуботи ҷомеа Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2022 «Дар бораи ҷашн гирифтани 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид. Дар ин раванд мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен баргузории корҳои омодагиро ба нақша гирифтааст.
Зимни ҷаласаи ситоди корӣ масъалаҳои вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ба муносибати ин ҷашни миллӣ бо ҷалби аҳли ҷомеа, махсусан соҳибкорону шахсони саховатманд, ҳамчунин тибқи барқияи ҳукуматӣ расонидани муҳтавои Паёми Пешвои миллат, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, истифодаи оқилонаи ҳар ваҷаб замин, вусъат додани корҳои ниҳолшинонӣ, таҳлили вазъи муассисаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ ва фарҳанг низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Баъди анҷоми ҷаласаи ситоди корӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлуда Қаландарзода ва Раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нуъмонзода аз якчанд иншооти ноҳияи Спитамен дидан намуданд. Ин ташаббус ҷиҳати таҳким бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ баҳри таҷлили сазовори 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид.
Мавлуда Қаландарзода ба масъулин ҷиҳати сифатнок ба роҳ мондани корҳои сохтмонӣ ва вусъати корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили 35-солагии истиқлоли давлатӣ дастуру маслиҳатҳои муфид дод.
Масъулин муваззаф шуданд, ки иншооти ҷашниро дар муҳлати муайяншуда бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир бунёд намуда, корҳои созандагиро таҳким бахшанд.
АКСҲО: Суди Олии иқтисодии ҶТ













Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






