«Дар Тоҷикистон барои рушди тамоми бахшҳои саноат заминаҳои мусоид фароҳаманд»,- бардошт аз ҳамоиши илмиву маърифатӣ дар Душанбе

Апрель 6, 2022 15:12

ДУШАНБЕ, 06.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси   Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С. Осимӣ таҳти унвони «Саноатикунонии босуръат — омили асосии пешрафти кишвар» ҳамоиши илмиву маърифатӣ баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Зикр шуд, ки Тоҷикистон бо мақсади татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ солҳои 2022-2026-ро Солҳои рушди саноат эълон намудааст, ки ин иқдом метавонад дар кӯтоҳтарин фурсат дар роҳи бунёди корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ, таъмини ҷойҳои нави корӣ, содироти маҳсулоти ватанӣ ба бозорҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ саҳми бориз гузорад.

Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Қудрат Давлатзода иброз намуд, ки «бо дарназардошти вазъи бозори ҷаҳонӣ ва аҳамияти саноат дар иқтисодиёти ҷаҳон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи чоруми стратегии мамлакатро саноатикунонии босуръати кишвар эълон намуданд ва чунин иқдоми саривақтӣ аз ҷониби аҳли илму техника, саноатчиён, омӯзгорони соҳаи илмҳои техникиву риёзӣ ва соҳибкорону сармоягузорон дастгирӣ ёфт».

Донишгоҳи техникии Тоҷикистон яке аз пойгоҳҳои асосии илмӣ- техникӣ буда, мақсади асосии он омодасозии кадрҳои баландихтисоси муҳандисӣ мебошад. Бо ин мақсад, бино ба иттилои Қудрат Давлатзода, имрӯзҳо дар донишгоҳ дар заминаи 7 факултет барои тамоми бахшҳои саноат мутахассисони соҳибкасб омода карда мешаванд.

«Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ҳамчунин курсҳои бозомӯзӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳандасӣ ва техникӣ ба роҳ монда шудаанд, ки ин метавонад дар таъмини бахшҳои гуногуни соҳаи саноат, меъморӣ, мошинсозӣ, кишоварзӣ, роҳсозӣ, энергетика, нақлиёт ва ғайра дар Тоҷикистон нақши созгор гузорад», — маълумот дод ӯ.

Раиси Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон  Ғайбулло Авзалов бо овардани далелу мадракҳои таърихӣ дар даврони собиқ ИҶШС ва таҷрибаҳои нодири саноатикунонии он замон ба олимон, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон иттилооти воқеӣ пешниҳод намуд.

Мавсуф гуфт, ки донишҷӯён ва аҳли илму дониши Донишгоҳи техникӣ дар масири татбиқи чорумин ҳадафи стратегӣ, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардидааст, масъулияти асосӣ ва хеле бузург бар дӯш доранд.


«Ҳоло вақте расидааст, ки ҷавонон вақти худро дар роҳи расидан ба камоли илму маърифат ва дастовардҳои илмиву техникӣ самаранок истифода намоянд»,-муроҷиат намуд Ғайбулло Авзалов ба донишҷӯён.

Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Ашурбой Солеҳзода иброз дошт, ки «имрӯз Тоҷикистон аз асоситарин кишвари содиркунандаи семент дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба шумор рафта, умед аст, ки дар сурати рушди соҳаи саноат ва дастрасӣ ба технологияҳои нав, татбиқи лоиҳаҳои илман коркардшуда ва ҷалби сармояи хориҷӣ метавонад ба яке аз давлатҳои пешрафтаи саноатӣ табдил гардад».

Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон дорои бузургтарин захираҳои табиӣ, заминҳои кишоварзӣ ва сармояҳои инсонӣ аст.

Ҳамчунин мавсуф оид ба манфиати электромобилҳо дар рушди соҳаи саноати Тоҷикистон ва татбиқи илм дар истеҳсолот сухан гуфта, аз донишҷӯён ва олимони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ҷиддан истеъдод, дониш, таҷриба ва дониши баланди техникӣ тақозо намуд ва ҷавононро ба навоварӣ, ихтироъкорӣ ва дарки воқеии саноат ва истеҳсолоти миллӣ ҳидоят сохт.

Намояндаи Вазорати саноат ва технологияҳои нав Қобил Ташрипов изҳор дошт, ки саноат асоси пешрафти давлатҳо дар ҷаҳони муосир буда, Тоҷикистон барои рушди тамоми бахшҳои саноат заминаҳои мусоид фароҳам овардааст.

 АКСҲО: Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон

Апрель 6, 2022 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Дар Бадахшон корҳои сохтмонии зеристгоҳи барқии «Шарифобод» оғоз гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ гардидааст
Дар Тоҷикистон дар беш аз 223 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида мешавад
Соҳибкорон аз Чин бо фаъолияти корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуданд