Дар Тоҷикистон мавсими эҳтимолии сел, обхезӣ ва сангрезӣ аст. Чиро бояд дар хотир дошт?
ДУШАНБЕ, 20.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки дар мамлакат мавсими эҳтимолии омадани сел, обхезӣ ва сангрезиҳо ҷараён дорад. Барои дар ин мавсим рӯй надодани ҳодисаҳои нохуш аҳолиро зарур аст, ки қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.
Ба иттилои Кумита, имрӯз дар баъзе ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, доманакӯҳҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд боридани борони шадид ва жола, инчунин ба амал омадани раъду барқ дар назар аст.
Дар дарёҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубӣ — Яхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва Вахш ҷорӣ мешаванд, якбора баланд шудани сатҳи об дар назар дошта шудааст.
Дар якчанд ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлону Суғд боридани жола ва дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ эҳтимоли омадани сел боқӣ мемонад.
Дар натиҷаи бориш ва боло рафтани сатҳи об дар рӯдхонаҳо хатари фаромадани тарма, ярч, сел ва сангрезӣ боқӣ мемонад. Номусоидии обу ҳаво чаронидан ва дар чарогоҳ нигоҳ доштани чорворо низ мушкил мекунад.
Кумита барои пешгирии сел аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки тамоми заҳбуру заҳкашҳои дар наздикии манзили истиқоматиашон ҷойгирро тоза кунанд, то пеши роҳи сел банд нашавад.
Дар ин рӯзҳо ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар тавсия дода мешавад, ки дар наздикии обанборҳо наистанд ва моҳӣ надоранд.
Кумита шаҳрвандонро даъват мекунад, ки чораҳои одии амнияти шахсиро риоя кунанд, аз сайру гашт дар кӯҳҳо, чидани занбурӯғ ва зироати дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯида худдорӣ кунанд.
Бо мақсади пешгирӣ кардани фалокат дар роҳҳо, махсусан дар роҳҳои кӯҳӣ тавсия дода мешавад, ки ҳаракат шабона махдуд ва қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, хусусан баланд накардани суръат риоя карда шаванд.
Дар сурати рух додани ҳолатҳои хатарнок ҳар шаҳрванд метавонад ба рақами 112 ё ба шуъбаи ҳолатҳои фавқулодаи Кумита бо рақамҳои: 93 880 28 19, 223 13 11 занг занад.
АКС аз бойгонӣ








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






