Дар Турсунзода сохтмони биноҳои нави таълимӣ дар назди 24 мактаб бо фарогирии 5640 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст

Апрель 20, 2022 09:50

ДУШАНБЕ, 20.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бахшида ба  пешвози  35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дар се моҳи соли равон ҷиҳати  муҳайё намудани шароити таҳсил барои хонандагон дар назди 24 муассисаи таълимӣ сохтмони 24 бинои нави таълимро ба нақша гирифтааст, ки дорои 239 синфхона буда, барои 5640 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидаанд. Ҳамчунин  ҷиҳати ба тарбия фаро гирифтани кӯдакон дар шаҳр сохтмони 3 муассисаи томактабӣ барои 460 нафар хурдсол ба нақша гирифта шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода.

Корҳои сохтмонӣ дар тамоми муассисаҳои зикршуда  муташаккилона идома дошта, иншооти мазкур дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.

Ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои  Пешвои миллат оид ба дастгирии соҳаи маориф ва сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода тадбирҳои зарурӣ андешида, аз ҷониби раиси шаҳр Акрамзода Парвиз Акрам ва масъулини соҳа дар тамоми деҳоти дуру наздик доир ба бунёди биноҳои нави таълимӣ, беҳтар намудани шароити таълиму тарбия бо фаъолону соҳибкорон, кумитаи падару модарони муассисаҳои таълимӣ суҳбату мулоқотҳо баргузор ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷараён гирифт.Ин амали созанда самараи нек ба бор овард.

Тавре Пешвои миллат зикр  карданд «Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи  давлат ва Ватан мебошад».

Аксҳо: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Апрель 20, 2022 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд