Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тавзеҳ доданд
ДУШАНБЕ, 09.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 8 апрел дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ, мубориза ва тақвият бахшидани донишҳои сиёсиву ҳуқуқии кормандони соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ вобаста ба террозиму экстремизм оид ба шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» ва «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ҳамоиш доир гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар вазорати мазкур.
Дар ҳамоиш роҳбарият, кормандони сохторҳои таркибии вазорат, инчунин сардори Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавӣ Комрон Ҳидоятзода ва муовини сардори Раёсати Маркази тадқиқоти стратегияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Исроил Баротов иштирок намуданд.
Комрон Ҳидоятзода зикр кард, ки ҷиҳати пешгирии гаравиши ҷавонон ва дигар сокинони мамлакат ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ, таъмини амнияти шахсии ҳар шаҳрванд, мубориза бо терроризму экстремизм, қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир ва яроқ, ки ба амнияти милливу ҷамъиятӣ хатари бениҳоят азим доранд, Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд ҳуҷҷати муҳим қабул намудааст.
«Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин кишваре дар Осиёи Миёна мебошад, ки Стратегияи миллии муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 қабул намуд. Баъдан таҳдиду хатарҳо ба амнияти миллӣ ва минтақа аз фаъолияти ташкилот ва ҳаракатҳои ифротгарою террористӣ коҳиш наёфта, баръакс миқёсан ва сифатан афзоиш ёфтанд. Ин буд, ки 1 июни соли 2021 барои давраи то соли 2025 Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид»,-гуфт мавсуф.


Мақсадии асосии қабул намудани стратегияи мазкур- ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амнияти ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз таҳдидҳои экстремистӣ ва террористӣ, пешгирӣ кардани шомилшавии сокинони мамлакат ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву террористӣ, роҳ надодан ба қурбонсозии ҷавонони кишвар барои манфиатҳои неруҳои беруна мебошад.
Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки стратегияи мазкур ҳамчун ҳуҷҷати муҳими танзимкунандаи соҳа самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистонро дар самти пешгирии таҳдиду хатарҳои аз фаъолияти гурӯҳҳои тундгаро бароянда муайян менамояд.
Дар фарҷоми ҳамоиш миёни кормандони вазорат ва намояндагони Маркази тадқиқоти стратегияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мубодилаи афкор сурат гирифт.
АКСҲО: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






