Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо «Барномаи кишварии ЮНИСЕФ барои солҳои 2023-2026» муаррифӣ шуд

Апрель 8, 2022 16:00

ДУШАНБЕ, 08.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Таҳти раёсати муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Ашурбой Солеҳзода ва Роҳбари Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Осама Маккавӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунанда ҷиҳати баррасии «Барномаи кишварии ЮНИСЕФ барои солҳои 2023-2026» баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо.

Дар  ҷаласа лоиҳаи «Барномаи кишварии ЮНИСЕФ барои солҳои 2023-2026» муаррифӣ гардида, нақшаҳои минбаъда ҷиҳати мувофиқа ва баимзорасонӣ муайян карда шуданд. Зикр гардид, ки лоиҳаи барномаи мазкур дар доираи вазорату идораҳо, ташкилоти ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими кишвар баррасӣ гардида, афзалияти он бо афзалияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ карда шуданд.

Барномаи кишварӣ бо «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2021-2025», инчунин бо «Созишномаи чаҳорчӯбаи СММ барои солҳои 2023-2026» ҳамоҳанг карда шудааст. Он ба амалисозӣ оид ба татбиқи Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак, Конвенсия оид ба барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз нисбат ба занон ва Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон, ҳамзамон дастгирии ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор мусоидат менамояд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Апрель 8, 2022 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд