ДАРХОСТ АЗ ҲАШТ ДОНИШГОҲИ МАЪРУФИ ОЛАМ БА АЛИШЕР ҚОСИМОВ. Хонандаи тоҷик соҳиби гранти омӯзишӣ ба маблағи як миллион доллар гардид
ДУШАНБЕ, 08.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Хонандаи синфи 11-и Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд Алишер Қосимов соҳиби Шоҳҷоиза-гранти омӯзишӣ ба маблағи умумии 1 миллион доллари амрикоӣ гардида, имкони идомаи таҳсил дар яке аз ҳашт донишгоҳи бонуфузи Амрико ва Швейтсарияро ба даст овард.
Тибқи иттилои директори Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд Сурайё Негматова, Алишер Қосимов дар чанд озмуни донишгоҳҳои ИМА ва Швейтсария дар соли 2022 иштирок намуда, соҳиби Шоҳҷоиза шуд ва якбора ҳашт донишгоҳ — Донишгоҳи Дрейк дар штати Айова, донишгоҳи Эмори ва Хенри дар штати Вирҷиния, донишгоҳи Вирҷинияи Ғарбӣ дар штати Вирҷиния, донишгоҳи Ла Верна дар штати Калифорния, донишгоҳи Аризона дар штати Аризона, донишгоҳи Гарднер Веб дар штати Каролинаи Шимолӣ, донишгоҳи Невада дар Лас Вегас ва донишгоҳи Франклин дар Швейтсария бо ирсоли мактуби расмӣ омодагии худро ба қабули хонандаи тоҷик тариқи буҷавӣ (ройгон) эълон намудаанд, ки маблағи умумии он беш аз 1 миллион доллари амрикоӣ хоҳад шуд.
Донишгоҳҳои зикршуда ба гурӯҳи донишгоҳҳои бонуфузи олам шомиланд ва 5 соли омӯзиш дар ин донишгоҳҳо аз 80 ҳазор то 170 ҳазор доллари амрикоӣ арзиш дорад.
Алишер Қосимов яке аз омилҳои ба ин муваффақият дастёбии худро дар омӯхтани фанҳои таълимӣ бо забони англисӣ дар литсейи мазкур медонад. Ӯ мегӯяд, дар раванди иштирокаш дар озмунҳои мазкур давоми ду моҳ эссеро бо забони англисӣ навиштаву пешниҳод намуд ва ғолиб гардид. Ин наврас ният дорад, ки яке аз ҳашт донишгоҳи маъруфро интихоб ва дар оянда духтур — ҷарроҳи асаб гардида, баъди хатми донишгоҳ ба Тоҷикистон баргашта, дар рушди тибби тоҷик саҳм гузорад.
Ҷоизи зикр аст, ки ин дастоварди аввалини хонандагони ин боргоҳи таълимӣ набуда, моҳи декабри соли гузашта се нафар хонандагони ин Литсей — Алиҷон Усмонов, Абӯбакр Комилов ва Аслан Насратшоев дар олимпиадаи байналмиллалӣ дар кишвари Тайиланд ғолиб омада, соҳиби 220 ҳазор доллари амрикоӣ гранти омӯзишӣ дар Донишгоҳи Амрикои Шимолӣ гардида буданд. Дарвоқеъ, омӯзгорони ин боргоҳи таълимӣ дастовардҳои худро самараи иҷрои супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати омӯхтани забони англисӣ ва дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон медонанд.
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд омӯзиши фанҳои дақиқ бо забони англисӣ ба роҳ монда шуда, ин амр имкон медиҳад хонандагон бо баробари аз худ намудани забонҳои хориҷӣ дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷаҳонӣ иштирок намуда, шарафи кишварро дар арсаи ҷаҳонӣ ба таври шоиста муаррифӣ намоянд.
Танҳо дар 7 моҳи соли таҳсили 2021-2022 хонандагони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд дар беш аз 13 олимпиадаи фаннии сатҳи ҷаҳонӣ дар кишварҳои Амрико, Туркия, Тайиланд, Малайзия, Сингапур, Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Олмон, Британияи Кабир ва Фаронса иштирок намуда, соҳиби 356 медали тилло, нуқра ва биринҷӣ гардиданд.
АКС: Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ беш аз 16 ҳазор нафар донишҷӯ шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ иштирок намуданд
Ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон зиёда аз 842 ҳазор китоби дарсии «Забони русӣ» ворид гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ду маркази муосири таълимӣ ба истифода дода шуд






