Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон аввалин шуда ба пуррагӣ ҳамаи барномаи таълимиро аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронид
ДУШАНБЕ, 26.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино аввалин шуда ба пуррагӣ ҳамаи барномаи таълимиро аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронида, соҳиби сертификати мутобиқат ба Стандарти Федератсияи умумиҷаҳонии таҳсилоти тиббӣ гардидаст. Доштани сертификати мазкур далели таъмини таҳсилоти босифат буда, барои донишгоҳ имкониятҳои нав ва эътирофи байналмилалӣ доштани онро тасдиқ менамояд, гуфта шуд дар вохӯрии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо директори генералии Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (IAAR) Алина Жумагулова.
Тавре дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ зикр гардид, ки Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг яке аз ташкилотҳои байналмилалӣ дар самти таъмини сифати таҳсилот бо гузаронидани баҳодиҳии мустақили берунаи муассисаҳои таълимӣ мебошад.
Агентии мазкур шомили шабакаҳои гуногуни амрикоиву аврупоӣ ва осиёгиву байналмилалӣ буда, дар асоси стандарти таъмини сифати аврупоӣ (ESG) ва Федератсияи умумиҷаҳонии таҳсилоти тиббӣ баҳогузорӣ намуда, ҳуқуқи додани сертификати мутобиқатро дорост.
Баҳогузории мустақилаи берунаи муассисаҳои таълимӣ яке аз талаботҳои калидии таҳсилоти муосир ба ҳисоб меравад, ки дар таъмини таҳсилоти босифати ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат нақши муҳим мебозад.
Гуфта шуд, ки Агентӣ имрӯз дар даҳҳо кишварҳои Осиёву Аврупо фаъолият дошта, муассисаҳои таълимиро аз аккредитастияи байналмилалӣ мегузаронад.
Тазаккур дода шуд, ки айни замон, якчанд донишгоҳҳои Тоҷикистон аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашта, соҳиби сертификати мутобиқат ба стандартҳои байналмилалии таҳсилот гардиданд.
Дар ҷараёни суҳбат инчунин, ҷонибҳо изҳор доштанд, ки барои вусъат бахшидани ҳамкории минбаъда тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешавад.
АКС: маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд






