ДУ ХАБАР АЗ КИШТИ ПАХТА ДАР ДУ ХОҶАГИИ НОҲИЯИ ҲАМАДОНӢ. Хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад

Апрель 15, 2022 08:19

ДУШАНБЕ, 15.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Чанде пеш Президенти Ҷумҳуррии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати кишоварзӣ ҷиҳати рушди соҳаи пахтакорӣ, ғаллакорӣ, боғпарварӣ супоришҳо дода буданд. 30 марти соли равон дар маҷлиси навбатии Ҳукумати ҶТ Сарвари давлат роҳбарони вазорату идораҳои дахлдорро таъкид намуданд, ки дар ин айёми баҳор ба вусъати корҳои саҳроӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишт, бахусус заминҳои наздиҳавлигӣ, азхудкунии заминҳои нав диққати асосӣ диҳанд. Воқеан ҳам, тавре мардуми тоҷик мегӯянд, «як рӯзи баҳор пур кунад анбор».

Дар чунин шароит хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон ХОЛЗОДА ҳар рӯз, ҳатто рӯзҳои шанбею якшанбе ба хоҷагиҳои деҳқонӣ, коргоҳу корхонаҳо ва майдонҳои сохтмонӣ рафта, аз рафти долу зарби корҳо хабар мегирад ва ба мо мефиристонад.

Дар зер ду хабари ӯро аз ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон бихонед.

Дар Ҷамоати деҳоти «Қаҳрамон» дар майдони 3200 гектар чигит кишт намуданд

Кишоварзони Ҷамоати деҳоти «Қаҳрамон»-и ноҳияи ба номи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ низ ҳамасола бозору марказҳои ноҳия ва вилояти ҷумҳуриро бо маҳсулоти хушсифати аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин менамоянд.

Имсол кишварзон дар заминҳои корами обӣ намудҳои гуногуни сабзавот ва пахта кишт кардаанд, ки нашъунамои ниҳолҳо хуб аст. Тавре дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Ҷамоати деҳоти «Қаҳрамон» бо андухтани таҷрибаи бештар дар самти кишту парвариши маҳсулоти барвақтӣ аз гармхонаҳо ва кишти зериплёнкагӣ васеъ истифода мебаранд. Айни замон дар даҳҳо гектар замин кишти барвақтии зериплёнкагии тарбузу харбуза, бодирингу помидор, қаламфур ва дигар намуди сабзавот коридаанд.

Як муваффақияти кишоварзони ноҳия сари вақт аз ҷониби Идораи беҳдошти замин ва обёрӣ таъмини хоҷагиҳо бо оби полезӣ мебошад. Идораи мазкур дар муҳлати муайянгардида заҳбуру заҳкашҳоро тоза намуда, иншооти обрасониро аз таъмир мебарорад. Бо истифода аз ин кишоварзон дар як мавсим ду- се маротиба ҳосил меғундоранд, ки ба фаровонии маҳсулот дар бозорҳо ва беҳ гардидани сатҳи зиндагии сокинон мусоидат мекунад.

Имсол дар ҷамоати мазкур ба кишти пахта аҳамияти махсус дода шуда,тамоми техникаи кишоварзиро ба саҳро бароварда, давоми як ҳафтаи охир нишондодҳои меҳнатиро баланд бардоштанд. Бино ба иттилои Раёсати кишоварзии ноҳия то имрӯз кишти пахта дар майдони 3200 гектар гузаронида шудааст, ки 54 фоизро ташкил медиҳад. Кишти сабзавот бошад дар майдони 721 гектар гузаронида шудааст, ки 90 фоизи нақшаи дурнаморо ташкил медиҳад.

Бояд гуфт, ки ҳадафи стратегии мамлакат таъмини амнияти озуқаворӣ аз фаъолияти хуби кишоварзон вобастагии калон дорад ва дар ин самт низ кишоварзони ноҳия ҳамасола муваффақ мегарданд.

***

Кишти пунба дар кооперативи «Хоксор»-и ҷамоати деҳоти Чубек

Мусоид омадани аввали фасли баҳор деҳқононро дилгарм кардааст ва дастаҷамъона ба кишту кори баҳорӣ вусъат мебахшанд. Дар ноҳияи Ҳамадонӣ, ки заминҳои корами обиаш зиёд аст, кооперативҳои тиҷоратӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ бештар пахта парвариш менамоянд. Зеро маҳсулоти ин зироат дар бозори ҷаҳонӣ харидорони худро дорад ва аз ҳисоби фурушӣ он хоҷагиҳо сатҳи зиндагии саҳмдорон ва буҷаи хоҷагиҳояшонро ғанӣ мегардонанд. Кооперативи тиҷоратии «Хоксор» дар Ҷамоати деҳоти Ҷубеки ноҳияи Ҳамадонӣ яке аз хоҷагиҳои муваффақ буда, ҳамасола дар қисмати зиёди заминҳои кишташ пахта мекорад.

Деҳқонони ин хоҷагӣ дар кишту парвариши пахта таҷрибаи зиёд доранд ва ҳамасола беш аз 30 сентнерӣ ҳосил ба даст меоранд.

Деҳқони ин хоҷагӣ Искандар Ҳакимов иброз дошт, якбора баланд гардидани нархи сузишворӣ, нуриҳои минералӣ ва заҳрхимикатҳо дар фаъолияти кишоварзон мушкилӣ эҷод мекунад. Аз ин рӯ барои бардошти ҳосилӣ фаровон аз дигар воситаҳо истифода менамоянд.

Дар хоҷагии мазкур майдони як гектар боғ бунёд кардаанд, ки соли сеюм аст аз он ҳосил мегиранд. Инчунин дигар зироатҳо аз қабили гандум, картошка, пиёз ва дар майдони 50 садяк замин тарбузи барвақтӣ коридаанд. Дар кооперативаи тиҷоратии мазкур ҳар як порча замин самаранок истифода бурда мешавад ва барои гузаронидани кишти такрорӣ баъди ҷамъоварии гандуму картошка тухми зироатҳо ва сӯзишворӣ захира карда шудааст.

Масъулини хоҷаги тасмим гирифтанд, ки имсол низ ҳосили фаровон ба даст оварда, саҳми худро дар рушду нумуи соҳаи кишоварзӣ гузоранд.

АКС аз муаллиф

 

ШИНОС ШАВЕД: Сулаймон Холзода, хабарнигори АМИТ«Ховар» дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон

31 январи соли 1967 дар деҳаи Сармайдони ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Сентябри соли 1974 ба синфи якуми мактаби №3 ноҳияи мазкур кадам монда, онро соли 1984 бомуваффақият хатм кардааст.

Солҳои 1985 – 1987 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ хизмати аскарӣ ба ҷо овардааст.

Баъди хатми мактаб ба омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлоб дохил шуда, онро соли 1989 бо ихтисоси омӯзгори синфҳои ибтидоӣ хатм намудааст. Солҳои 1989 – 2004 ба ҳайси муаллими мактаб кор кардааст.

Аз соли 1999 то соли 2004 дар вазифаи хабарнигори Радиои Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб кор кардааст. Соли 2014 шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлобро бо ихтисоси омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик хатм намуда, аз ҳамон вақт то инҷониб ба сифати хабарнигори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб фаъолият мекунад.

Апрель 15, 2022 08:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ҳисор бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти андоз ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Фаластин дар соҳаҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамкориро тавсеа медиҳанд
«ТОШКАНД-2024». Форуми соҳибкорони вилоятҳои Суғд ва Тошканд баргузор гардид
Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо ба бунёди марказҳои логистикӣ дар Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар панели сатҳи баланд марбут ба маблағгузории «сабз» дар Тифлис сухан гуфт
Вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд дар Тифлис баррасӣ гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АНДОЗ. Рақамикунонии соҳаи андоз роҳи таъмини барзиёди қисми даромади буҷети давлатиро васеъ намуд
Мақомоти гумрук маҳсулоти тамокуи навъи «Milano» ва «ESSE»-ро дарёфт ва мусодира намуд
Дар Бонки миллии Тоҷикистон пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва муқобилияти дастҷамъона бо он баррасӣ шуд
Дар Душанбе баргузории намоишгоҳҳои рассомон дар Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ шуд
«ТОҶИКИСТОН-2024». Имрӯз дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ оғоз ёфт
«ТОҶИКИСТОН-2024». Имрӯз дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ оғоз меёбад