Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳрҳои Роғун, Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод дар соли 2023 муаррифӣ шуд

Апрель 2, 2022 11:19

ДУШАНБЕ, 02.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 1 апрел  дар  Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Роғун, Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳрҳову ноҳияи мазкур дар соли 2023 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2024-2025  муаррифӣ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд.

Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Фарҳод Восидиён зикр кард, ки мақсад аз баргузории ҷаласаи мазкур  иҷрои сифатноки дастуру супоришҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дарёфти манбаъҳои нави рушд, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, истифодаи самараноки имконияту захираҳои мавҷуда, ба кор андохтани иқтидорҳои нав,   фаъол гардонидани иқтидорҳои амалкунанда ва дар маҷмӯъ таъмини пешрафти  иқтисоди кишвар мебошад.

Инчунин зикр гардид, ки ҳангоми таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2023 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2024-2025 муқаррароти консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳои қабулгардидаи давлатию соҳавӣ ва барномаҳои минтақавии рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо ба инобат гирифта шаванд.

Дар ин раванд аз ҷониби муовини якуми раиси шаҳри Роғун Р. Файззода, муовини раиси шаҳри Ваҳдат Н.Ғаюрзода ва муовини раиси ноҳияи Файзобод  Н.Маҳмадзода дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2023 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2024-2025 муаррифӣ карда шуд.

Баъд аз муаррифӣ нишондиҳандаҳои пешниҳодгардида мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз натиҷаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Тибқи нақшаи кории тасдиқгардида баргузории муаррифии дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳо дар моҳи апрел анҷом дода мешавад.

 АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдо

Апрель 2, 2022 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд