Душанбе ва Боку тасмим гирифтаанд роҳи мустақими ҳавоӣ кушоянд

Апрель 26, 2022 11:46

ДУШАНБЕ, 26.04.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Душанбе ва Боку тасмим гирифтаанд, ки  роҳи мустақими ҳавоӣ кушоянд, иттилоъ медиҳад Trend.  Дар ин бора Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ (ДАР АКС) дар чорабинӣ бахшида ба 30-юмин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Озарбойҷон  хабар дод.

Ба гуфтаи дипломат, мақомоти ду кишвар раванди ифтитоҳи хатсайри мустақим дар масири Душанбе-Боку ва бозгаштро баррасӣ мекунанд.  Дар радифи ба роҳ мондани парвозҳои  мустақими ҳавоӣ миёни ду кишвар сафир афзуд, ки  имконоти нав барои афзоиши гардиши мол миёни Озарбойҷон ва Тоҷикистон мавриди омӯзиш ва баррасӣ  қарор дорад. «Барои зиёд намудани ҳаҷми савдо миёни ду кишвар иқтидорҳои калон мавҷуданд. Фикр мекунам, ки ифтитоҳи хатсайри мустақим гардиши мол ва ҳам тиҷоратро афзоиш медиҳад», — гуфт Рустам Солӣ.

Ёдовар мешавем, ки қаблан  иттилоъ дода шуда буд, ки Тоҷикистон парвозҳои мустақими ҳавоиро  бо Ҳиндустон ва Эрон барқарор менамояд. Ҳавопаймоҳои кишварҳо баъд аз танаффуси дусолаи марбут ба пандемияи COVID-19  ба парвозҳо шурӯъ мекунанд.

«Баъд аз танаффуси дусола бар асари пандемияи COVID-19 Тоҷикистон парвозҳоро дар хатсайрҳои Душанбе-Деҳлӣ-Душанбе, Душанбе-Нурсултон-Душанбе ва Душанбе-Теҳрон-Душанбе бо 2- парвозӣ  дар як ҳафта барқарор намуд».  Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии  авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ширкати «Сомон Эйр»  алакай интиқоли мусофиронро  ба Деҳлӣ ва аз Деҳлӣ ба Душанбе оғоз кардааст.

Парвозҳоро ба Теҳрон  ширкати эронии «Iran Air» анҷом медиҳад, аммо санаи дақиқи нахустин парвоз то ҳол мушаххас нашудааст. Илова бар ин, Тоҷикистон ояндаи наздик теъдоди парвозҳои мунтазамро  ба Алмаато, Дубай, Истанбул, Тошканд ва шаҳрҳои мухталифи Русия  афзоиш хоҳад дод.

Қарор аст теъдоди парвозҳо ба Қазоқистон аз 1 май то аввали июн афзоиш ёбад.

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 26, 2022 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ гардид
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатӣ дар умури шаҳрдорӣ ва вазири давлатӣ дар умури маскани Кувайт мулоқот намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт оид ба бахши сармоягузорӣ ва сайёҳӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Дар Туркманистон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид
Ашрафҷон Гулов бо Сафири навтаъйини Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Ҳувайдин Зайбон Алӣ Ал-Катбӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо фаъолияти рӯзномаи «The Times Kuwait» шинос шуд
Дар Женева тақвияти ҳамкории Тоҷикистон дар доираи Барномаи АСИКУДА мавриди баррасӣ қарор дода шуд
Ҳамкории мутақобили судманди Тоҷикистон ва Кувайт дар арсаҳои гуногун баррасӣ гардид