Гурӯҳи корӣ ба сокинони минтақаи Долони ноҳияи Шаҳринав моҳияти дастури Пешвои миллатро оид ба захираи маҳсулот расонид

Апрель 11, 2022 16:22

ДУШАНБЕ, 11.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 9 апрел намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикагролизинг» Юсуф Акрамзода ба минтақаи Долон –деҳаҳои Долон -1, Долон -2 ва Долон -3 -и Ҷамоати деҳоти ба номи Акрам Ҳасанови ноҳияи Шаҳринав ҷиҳати расонидани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 марти соли 2022 баён гардида буданд, сафари корӣ анҷом дод.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав хабар доданд, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Акрамзода  ва  раиси ноҳияи Шаҳринав Ҷаббор Носирзода дар  деҳаи Долони-1  нахуст аз вазъи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29 дидан намуданд. Зимни мулоқот  иттилоъ дода шуд, ки дар муассисаи мазкур 190 нафар  хонанда дар як баст ба омӯзиш фаро гирифта шуда, бо  омӯзгорони тахассусӣ пурра таъмин мебошанд.

Сокинони деҳаҳои мазкур иброз доштанд, ки баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат онҳо дар заминҳои лалмии минтақаи долон кишти тирамоҳии ғалладонагиҳоро дар моҳҳои октябр ва ноябр иҷро карда, дар ин росто кишти барвақтии картошкаро  низ дар заминҳои наздиҳавлигӣ гузарониданд.

Бояд гуфт, ки сокинони меҳнатқарини Долон баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар ин ҷода аз тамоми имконот самаранок истифода мебаранд. Гурӯҳи корӣ аз деҳаҳои Долон -1, 2 дидан намуда, моҳияти дастури Пешвои миллатро ба аҳолӣ расониданд.

Дар идомаи сафари корӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷамоати деҳоти Шаҳринав рафта, дар бинои маҷлисгоҳи шуъбаи маориф бо роҳбарони корхонаву ташкилоти ҳудуди ноҳия ва фаъолони ҷамоат мулоқоти судманд анҷом дод.


Юсуф Акрамзода дар бораи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва ҳориҷии ҷумҳурӣ, захираи маҳсулот барои ду соли оянда ва гирифтани 3-4 ҳосил аз замин дар як сол, сафарбарии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва риоя намудани қоидаҳои зидди сӯхтор, худдорӣ кардан аз истифодаи дастгоҳу таҷҳизоти серхароҷот, вусъат бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ ва аҳамият додан ба сатҳу сифати иншооти бунёдшаванда бахшида ба ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар бораи истифодаи самараноку оқилонаи ҳар ваҷаб замин, махсусан заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон, кишти зироат, аз қабили картошка, сабзавот, ғалладонагиҳо ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ ва омодагӣ дидан ба кишти такрорӣ баҳри баланд бардоштани ҳосилнокии зироат сухан гуфт.

Дар фарҷоми мулоқот раиси ноҳияи Шаҳринав Ҷаббор Носирзода ба намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуд, ки мардуми ноҳияи Шаҳринав чун тамоми мамлакат аз ғамхориҳои беназири Сарвари давлат сипосгузор буда, сиёсати хирадмандонаю созанда ва бунёдкоронаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро пурра дастгирӣ менамоянд ва барои амалӣ гардонидани онҳо тамоми қувв ва ақлу заковати хешро равона менамоянд.

АКСҲО: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав

Апрель 11, 2022 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон беш аз 300 тонна пилла истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ баррасӣ гардид
Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Коршиносони БОР соҳаи нақлиёт ва логистикаро яке аз муҳаррикони рушди иқтисодиёт арзёбӣ менамоянд
Байни Тоҷикистон ва палатаҳои савдою саноати кишварҳои ИДМ густариши робитаҳои тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Барои фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ талаботи нав амалӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст