Гурӯҳи ҳунармандони Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе ба Узбекистон сафар кард

Апрель 4, 2022 16:00

ДУШАНБЕ, 04.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 4 то 15 апрел ҳунармандони Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе дар шаҳрҳои бостонии Фарғона, Қӯқанд, Марғелон, ноҳияҳои  Риштон ва Сухи Ҷумҳурии Узбекистон  бо намоиши  «Маликаи нозанин» ҳунарнамоӣ мекунанд.

Тавре роҳбари бадеии театри мазкур Наргис Розиқова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, сафари ҳунармандони тоҷик бо даъватномаи  Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Узбекистон ва дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  сурат гирифт.

Муаллифи намоиши мазкур Ҳотам Салимов, таҳиягар Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон Зафар Ҷаводов буда, бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба саҳна гузошта мешавад.

Ёдовар мешавем, аз 11 то 20 март бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз ҳунармандони Театри давлатии лӯхтаки вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Узбекистон дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши «Чойхонаи мусиқӣ»-ро манзури тамошобинони тоҷик гардониданд.

Муаллиф, коргардон ва рассоми «Чойхонаи мусиқӣ» Сергей Седухин буда, намоиш ба забонҳои русӣ ва узбекӣ манзури кӯдакону наврасон гардонида шуд.

АКС аз АМИТ «Ховар»

Апрель 4, 2022 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад