ХАЙРУ ЭҲСОН-СИФАТИ ШОИСТАВУ БАШАРДӮСТОНА. «Рахш такси» ба ронандаи автобус кумак намуд

Апрель 11, 2022 14:57

ДУШАНБЕ, 11.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати «Рахш такси» (3333) ба ронандаи мошини мусофиркашони КВД «Автобус-1», хатсайри  33 Назар Назаров, ки якбора 7 мошини таксиро ба садама дучор карда буд, 315 ҳазор сомонӣ кумак намуд, ки дар натиҷа ронанда тавонист зарари дар натиҷаи садама расонидаашро пурра пардохт намояд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз ширкати «Рахш такси» хабар доданд.

Шоми дирӯз, 10 апрел канали корбари фаъоли интернет Қурбон Неъматов дар Ютуб хабар дод, ки дар байни ҳамагӣ 2 рӯз мардум барои Назар Назаров, ронандаи автобус, ки якбора 7 мошини таксиро дучори садама карда буд, ба миқдоре маблағи хайриявӣ ҷамъ намуданд, ки ҳам барои тармими автобусу мошинҳои осебдида ва ҳам барои сохтани як хонаи нави дуқабата барояш кифоя мебошад.

Дар видеои пахшшуда дида мешавад, ки Қурбон Неъматов ва рафиқонаш шоми 10 апрел ба хонаи Назар Назаров омада, дарзаҳои пулро пеши онҳо гузоштанд ва гуфтанд, ин танҳо кумакест, ки аз мардум ҷамъ шудааст. Ҳамчунин ӯ гуфт, ки 315 ҳазор сомонӣ (қариб 25 ҳазор доллар) пулеро, ки Назар Назаров бояд барои тармими автобус ва мошинҳои осебдида пардохт мекард, ширкати «Рахш такси» (Таксии 3333) пурра ба дӯши худ гирифтааст.

«Мо ҳамроҳи акаи Назар меравем ва он пулҳоро як-як байни ронандагони таксиҳои осебдида тақсим мекунем», — мегӯяд дар навор Қурбон Неъматов.

Ва дида мешавад, ки блогер бо ронандаи автобус рафта, маблағҳоро ба соҳибони мошинҳои зарардида месупоранд.

Тавре қаблан Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе иттилоъ дода буд, 2 апрели соли равон, тақрибан соати 13:35 дақиқа, ронандаи мошини мусофиркашони КВД «Автобус-1», хатсайри  33, шаҳрванд Назар Назаров, соли таваллудаш 01.01.1986, истиқоматкунандаи ноҳияи Варзоб ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Рӯдакӣ, дар рӯ ба рӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон бо сабабҳои номаълум аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба мошинҳои дар канори роҳ таваққуфкарда бархӯрдааст, ки дар натиҷа 7 адад мошини сабукрав ва худи автобуси мазкур зарари гуногуни техникӣ дидаанд.

Хушбахтона, дар натиҷаи ин садамаи нохуши нақлиётӣ ягон нафар осеб ва ё ҷароҳати ҷисмонӣ набардоштааст. Санҷиши ҳодисаи мазкур зери назорати бевоситаи роҳбарияти мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе қарор гирифта, сабабу омилҳои он муайян карда шуданд.

Ба иттилои Раёсат, ташхиси хуни ронанда дар мавриди мавҷуд будани машрубот ва маводи нашъаовар дар он натиҷаи манфӣ додааст.

Бояд зикр намуд, ки ин амали некӯи Ширкати «Рахш такси» дар арафаи моҳи мубораки Рамазон баргирифта аз паёми шодбошии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба моҳи шарифи Рамазон аст. Пешвои миллат зимни суханронӣ иброз намуданд, ки «дар ин моҳи муборак, баробари ба ҷо овардани фаризаву суннатҳои динӣ иҷрои амалҳои солеҳ, аз ҷумла хайру эҳсон ва дастгириву навозиши ятимону маъюбон ва камбизоатҳову муҳтоҷон аз сифатҳои шоиставу башардӯстонаи ҳар мусулмони савобҷӯ мебошанд.

Бовар дорам, ки на танҳо соҳибкорону тоҷирон, балки ҳар инсони хайрхоҳу ҳимматбаланд дар ин моҳи шариф иқдому аъмоли неку писандидаи худро густариш мебахшад ва бо саховату ҷавонмардӣ намунаи ибрат нишон дода, соҳиби савоби зиёд мегардад».

Аз маълумоти шабакаҳои иҷтимоӣ бармеояд, ки дар ин кори хайру савоб инчунин тоҷикони тамоми гӯшаву канори олам ин амали хайрро пайгирӣ намуда, ба хонаводаи ин ронанда кумакҳои чашмрас намуда истодаанд, ки гувоҳ аз якдилӣ ва хайру накӯхоҳии миллати тоҷик аст.

Зимнан, Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода ба мухбири АМИТ «Ховар» изҳор дошт, ки «моҳи мубораки Рамазонро моҳи раҳмат мегӯянд.  Дини мубини Ислом танҳо дини эътиқод нест, балки дини эътиқоду амал аст. Мо дар ин моҳ бояд нисбат ба мардум хайрхоҳ бошем».

Бояд зикр намуд, ки аз рӯи ҳикматҳои моҳи шарифи Рамазон анҷом додани ҳар гуна амали хайру савоб, боз намудани дари саховату ҳиммат бояд хос ба хотири ризои Худованд бошад.

«Шахсе, ки дар моҳи мубораки Рамазон барои ризои Худо як амали нек ва ё кори хайру савоб анҷом медиҳад, монанди касест, ки ҳафтод амали фарзиро дар ғайри ин моҳ анҷом додааст»,-мегӯяд Саидмукаррам Абдуқодирзода.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»,

АКС: манбаъҳои боз

Апрель 11, 2022 14:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо фаъолони ноҳияҳои минтақаи Рашт ва шаҳри Роғун вохӯрӣ намуд
ҲХДТ ва Ҳизби коммунистии Чин робитаҳоро густариш медиҳанд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Дӯстии ҷавонон» баргузор мегардад
Доир ба татбиқи грантҳои Хазинаи пандемикӣ дар Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи пойтахт дар шаҳри Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Женева оид ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон гузориш пешниҳод намуд
Роҳҳои муассири мубориза бо чангу ғубор кадомҳоянд?
Оид ба саҳми тоҷикон дар ташаккули тамаддуни Осиёи Марказӣ конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Кумита бар зидди шиканҷаи СММ ба гузориши миллии Тоҷикистон оид ба иҷрои Конвенсия бар зидди шиканҷа баҳои баланд дод
Чангу ғубор сабаби авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо намояндагони Кумитаи СММ бар зидди шиканҷа вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе намоиш — фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ то 31 май идома меёбад