«Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак» лоиҳаи беҳтарини Бонки осиёии рушд дар соли 2021 пазируфта шуд

Апрель 13, 2022 09:17

ДУШАНБЕ, 13.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак» (Гранти Бонки осиёии рушд-0627-TAJ(SF))-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиҳаи беҳтарини Бонки осиёии рушд дар соли 2021 пазируфта шуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матботи вазорати мазкур.

12 апрел директори Лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак» (Гранти Бонки осиёии рушд-0627-TAJ(SF))-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Серфитикати лоиҳаи мазкурро ба Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода тақдим намуд.

Зикр шуд, ки лоиҳаи  мазкур  дар ноҳияҳои таҷрибавии Рашт ва Файзободи тобеи ҷумҳурӣ ва Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон амалӣ шуда истода, ҳадафи асосии он  беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон дар ноҳияҳои зикршуда  мебошад.

Ёдовар мешавем, ки татбиқи лоиҳаи мавриди назар  аз 29 марти соли 2019 оғоз гардида, то 31 августи соли 2025 ба нақша гирифта шудааст. Лоиҳа аз чаҳор қисмати амалисозӣ иборат аст. Аз ҷумла, беҳтар намудани хизматрасонии маҷмӯии босифат оид ба ҳифзи саломатии модар ва кӯдак дар ноҳияҳои таҷрибавӣ, такмил додани хизматрасониҳо дар бахши саломатии модару кӯдак ва беҳтаркунии инфрасохторҳо, баланд бардоштани сатҳи дониш дар соҳаи саломатии модару кӯдак ва рафтори ба нигоҳдории саломатӣ нигаронидашуда дар ноҳияҳои таҷрибавии лоиҳа, идоракунии лоиҳа ва баҳодиҳӣ.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Апрель 13, 2022 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд