ХУРОФОТ ҶАҲОЛАТ АСТ. Дар ҷамоатҳои шаҳри Исфара бо сокинон оид ба хатари таассуб мулоқот доир шуд

Апрель 22, 2022 10:50

ДУШАНБЕ, 22.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд доир ба оқибатҳои ногувори таассубу хурофотпарастӣ ва омилҳои пешгирии он дар ҷомеа силсиламулоқот баргузор гардид, ки он аз Конибодом оғоз шуда, дар ҷамоатҳои шаҳри Исфара анҷом пазируфт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҳамоиши илмиву маърифатие, ки бо иштироки фаъолони се ҷамоат — Ворух, Сурх ва Чоркӯҳ баргузор гардид, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Нурулло Оқилзода аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат ёдовар шуда, гуфт, ки «дар шароити пурҳассос ва равандҳои пуртазоди ҷаҳони муосир доштани сулҳу оромӣ ва ҳифзи ваҳдати милливу якпорчагии Ватан кори саҳлу осон набуда, пеш аз ҳама, бояд ҷавонону наврасон, падарону модарон, аҳли илму маориф ва зиёиён дар канори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истода, дар роҳи решакан намудани ифротгароиву хурофотпарастӣ дар зеҳну замири ҷавонон қадамҳои устувор гузорем».

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам бо ёдоварӣ аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки муҳтаво ва мазмуни вожаи хурофот ва ё хурофотпарастӣ пайравии кӯр-кӯрона аз ақоиди беасос ва дур аз воқеият аст. Маҳз барои ҳамин Президенти мамлакат барҳақ таъкид намуданд, ки «хурофот ҷаҳолат аст».

Мавсуф бо пайравӣ аз ҳидоятҳои хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи шарифи Исфара, бахусус сокинони ҷамоатҳои Сурх, Ворух ва Чоркӯҳро ба таҳаммулпазирӣ, муроот, хештандорӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, иттиҳоду ҳамбастагӣ, мубориза бо падидаҳои номатлуби ҷаҳони муосир, аз ҷумла ифротгароӣ, даҳшатафканӣ, хурофотпарастӣ ва ҷудоихоҳӣ даъват намуд.


Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода изҳор намуд, ки то замоне, ки хурофотро аз ҷаҳонбинии ҷавонон ва дар маҷмӯъ тамоми қишрҳои ҷомеа ба таври куллӣ берун насозем, ноил гардидан ба дастовардҳои назаррас дар арсаҳои мухталифи илму техника ғайиимкон аст. Аммо чӣ гуна бояд нагузорем, ки ҷавонони мо хурофотзада бошанд? Ин як роҳ дорад ва он ҳам дар Паёми Президенти Тоҷикистон садо дод: «Бинобар ин, падару модарон бояд шароит муҳайё созанд, ки наврасону ҷавонон, чӣ духтару чӣ писар бояд хонанд, илму дониш ва касбу ҳунар омӯзанд».

Аз ҷониби худ муовини Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Ваҳҳобзода иброз намуд, «замони он расидааст, ки тамоми унсурҳои хурофотии боқимонда дар зеҳни мардум, ки мисли заҳри қотил ба ақлу рӯҳи бархе аз гурӯҳҳои ноогоҳ печидаанд, решакан карда шаванд».

Дар ҳошияи вохӯриҳо намояндагон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии ҷамоатҳои Сурх, Чоркӯҳ ва Ворухи Исфара аз сиёсати оқилонаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қиболи муборизаи беамон ба муқобили хурофотпарастӣ, ифротгароӣ ва бегонапарастиву зиёдаравӣ дифоъ намуда, ҳар яке мавқеи созандаи худро дар роҳи ҳифзи истиқлолу озодӣ ва таҳкими Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон баён доштанд.

АКСҲО: Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон

Апрель 22, 2022 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд