Имрӯз иштирокчиёни даври ҷумҳуриявии Олимпиадаи фанҳои табиӣ-риёзӣ қадрдонӣ мегарданд

Апрель 4, 2022 09:39

ДУШАНБЕ, 04.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар «Кохи Суруш»-и пойтахт маросими ҷоизасупорӣ ба иштирокчиёни даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ барои хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баргузор мегардад. Дар олимпиадаҳои мазкур 536 нафар хонанда, аз ҷумла аз мактабҳои таҳсилоти умумӣ 296 хонанда ва аз мактабҳои шакли нав (мактабҳои президентӣ, литсей ва гимназияҳо) 240 хонанда иштирок менамоянд. Дар ин бора дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар он ғолибони даври ҷумҳуриявӣ аз фанни физика (астрономия) ба номи Абурайҳони Берунӣ, олимпиада аз фанни математика ба номи Умари Хайём, олимпиада аз фанни биология ба номи Абӯалӣ ибни Сино, олимпиада аз фанни химия ба номи Закариёи Розӣ ва олимпиада аз фанни география ба номи Носири Хусрав қадрдонӣ мегарданд.

Дар маросими кушодашавии он муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзалӣ Ҷаъфарзода, директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Тоҷинисо Маҳмадова, намояндагони раёсату шуъбаҳои маориф, омӯзгорону волидон ва хонандагон иштирок намуданд.

Тазаккур дода шуд, ки бо мақсади дарёфт, дастгирӣ, рушди хонандагони боистеъдод ва фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия ва амалӣ намудани қобилияти эҷодии истеъдодҳо «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025» қабул гардид, ки барномаи мазкур дар самти ташаккули ҳаракати олимпӣ, дарёфт ва рушди истеъдодҳо нақши муҳим мегузорад.

Зикр шуд, ки ғолибони олимпиадаи мазкур соҳиби имтиёз барои дохил шудан тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегарданд, яъне вобаста ба сатҳи ғолибияташон дар олимпиада аз 50 то 100 хол илова карда мешавад.

Мавриди зикр аст, ки баргузории олимпиадаи мазкур ба амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2020   оид ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» мусоидат менамояд.

АКСҲО: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Апрель 4, 2022 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд