ИМРӮЗ- РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. Рушди иқтисоди Тоҷикистон соли 2021 9,2 фоизро ташкил дод, ки нишондиҳандаи баландтарин дар 17 соли охир аст
ДУШАНБЕ, 08.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бист соли охир рушди иқтисоди мамлакат ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 3,4 миллиард сомонии соли 2002 то ба 98,9 миллиард сомонӣ дар соли 2021 баробар гардид. Аз ҷумла рушди иқтисоди мамлакат соли 2021 9,2 фоизро ташкил дод, ки нишондиҳандаи баландтарин дар 17 соли охир ва тибқи арзёбии ташкилоти байналмилалии молиявӣ баландтарин дар минтақа ба ҳисоб меравад. Дар ин бора бахшида ба Рӯзи иқтисодчиён 7 апрел Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода дар маҷлиси тантанавӣ бо иштироки роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои зертобеъ, ки дар Вазорат баргузор шуд, баён намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд, Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизод гуфт, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодии мамлакат саҳм гузошта, дар таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ширкат меварзанд.
Зикр гардид, ки имрӯзҳо кормандони Вазорати рушди иқтисод ва савдо роҳнамоии зерини Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи кори худ қарор додаанд:
«Ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат таъмин намудани рушди устувори иқтисодии кишвар тавассути баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираву имкониятҳои мавҷуда, дарёфти манбаъҳои нави рушд, тараққӣ додани соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, инкишофи неруи инсонӣ ва бо ҳамин роҳ мунтазам беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад».

Ёдовар мешавем, ки 5 апрел дар Душанбе зимни мулоқот дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Сардори шуъбаи идораи лоиҳаҳои Бонки Осиёии Рушд (БОР) Родора Консепсиён ба Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода барои бомуваффақият татбиқ ва анҷом додани лоиҳаи «Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба такмили фаъолияти мақомоти наздисарҳадӣ» Сертификати беҳтарин гурӯҳи татбиқи лоиҳаи БОР тақдим гардид.
Бахшида ба Рӯзи иқтисодчиён зимни ҷамъомади тантанавӣ якчанд нафар кормандони вазорат бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд. Аз ҷумла, ба муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода ва сардори Раёсати ҳамкории иқтисоди хориҷӣ Д. Шарифӣ медали ҷашнии 20-солагии фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай барои рушди ҳамкорӣ ва саҳми арзанда дар доираи ин созмон тақдим карда шуд.
Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар»
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдо/АМИТ «Ховар»
PS: АМИТ «Ховар» дар рӯзи иди касбӣ ба ҳамаи иқтисодчиёни мамлакат ҷиҳати ноил гардидан ба дастовардҳои назаррас дар фаъолияти корӣ ва саҳмгузорӣ дар таъмини минбаъдаи рушди иқтисоди кишвар комёбиҳо таманно мекунад.








Сармоягузорони Эрон бо имконоти истеҳсолии Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» шинос шуданд
Таҳияи Харитаи роҳ оид ба татбиқи Нақшаи глобалии амали гендерӣ дар соҳаи гуногунии биологӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон 1,1 ҳазор нуқтаи нави фурӯши неруи барқ барои нақлиёти барқӣ сохта мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Конфронси UNCCD COP17 дар Улан-Батор иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаҳои Комиссияи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа оид ба спектри радиобасомадҳо иштирок намуд
Доир ба Истиқлоли давлатӣ ва ташаккули он конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ баргузор гардид
Ангури Тоҷикистон ба вилояти Пензаи Русия содирот гардид
То 60 фоизи маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон истеҳсол мегардад
Дар бунёди неругоҳи «Роғун» 20 ҳазор коргарону кормандони муҳандисию техникӣ фаъолият доранд
КИШОВАРЗИИ ТОҶИКИСТОН ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Истеҳсоли ғалладонагӣ 6 маротиба зиёд шудааст
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон 70 корхонаи дорусозӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Шаҳринав оид ба гузаронидани пайванди дарахтони мевадиҳанда ва зиёд намудани тагпайвандҳо машғулият доир шуд






