Имсол дар ноҳияи Мастчоҳ дар 12 500 гектар чигит кишт мешавад
ДУШАНБЕ, 23.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар ноҳияи Мастчоҳ дар 12500 гектар чигит кишт хоҳад шуд. Дар ин бора масъулини ноҳия зимни сафари кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Мастчоҳ маълумот доданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилоят.
Сафари корӣ 21 апрел сурат гирифта, зимни он Раҷаббой Аҳмадзода бо раванди корҳои ободонию созандагӣ дар ноҳия шинос гардид.
Раиси вилоят бо сохтмони иншооти таъйиноти гуногун, аз ҷумла маркази хизматрасонӣ, фермаи чорвопарварӣ, фабрикаи парандапарварии ҶДММ «Некбахт», коргоҳи дӯзандагӣ, бинои иловагии маркази ташхисӣ ва табобатии «Сино» шинос шуда, барои иҷрои босифати корҳо ба масъулин тавсияҳо дод.
Таъкид гардид, ки ба истиқболи ҷашнҳои милливу давлатӣ, аз ҷумла 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд корҳои ободонию бунёдкорӣ вусъат бахшида шуда, бо истифода аз имконоти мавҷуда ҳарчи бештар сокинон бо ҷойи кор таъмин карда шаванд.
Раиси вилоят ҳамзамон дар хоҷагии деҳқонии ба номи М.Сӯфизодаи Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ дар маъракаи кишти чигит иштирок карда, бо сокинон ва кишоварзони ҷамоат суҳбат намуд.
Дар шароити кунунӣ бояд ҳар порча замин самаранок истифода гардида, барои таъмини амнияти озуқаворӣ беш аз пеш фаъолият намудан зарур аст.
Дар идомаи сафар Раиси вилоят фаъолияти пойгоҳҳои обкашии ноҳия, аз ҷумла «Дилварзин-1»-ро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.
Иттилоъ дода шуд, ки тамоми дастгоҳҳои обкашии ноҳия аз таъмир бароварда шуда, ба мавсими имсола омода мебошанд.
Раиси вилоят ҳамчунин собиқадорони меҳнат Ниёзбибӣ Миракова ва Нурулло Саидбековро аёдат карда, ба онҳо кумакҳои моддӣ расонид.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид






