ТАВАҶҶУҲ! Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд дар Душанбе соҳиби раводиди Хорватия шаванд
ДУШАНБЕ, 12.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 23 марти соли 2022 шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд барои дарёфти раводиди Хорватия ба Маркази дархости раводиди VFS Global дар Душанбе муроҷиат кунанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон хабар доданд.
Бино ба иттилои Сафорати Тоҷикистон дар Нур-Султон, дархости дахлдор ба Сафорати мо аз Сафорати Хорватия дар Қазоқистон ворид шудааст.
Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Хорватия 1 апрели соли 1999 барқарор шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки 18 феврали 2021 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони навтаъйини Афғонистон, Франсия, Фаластин, Италия, Маҷористон ва Хорватия эътимоднома қабул намуданд.
Пас аз супоридани эътимодномаҳо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон перомуни муносибатҳои дуҷониба, масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули андеша карданд.
Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Хорватия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рефик Шабанович бардошти худро пас аз мулоқот бо Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон чунин баён намуд: «Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз имконияту зарфияти васеи ҳамкории Тоҷикистон ва Хорватия дар соҳаҳои иқтисоду сиёсат, сармоягузорӣ ва фарҳанг ҳарф заданд. Президенти Тоҷикистон бо хушнудӣ аз сафари соли 2009 ба Хорватия кардаашон ёдовар шуданд, ки ин барои ман мояи хушнудист».
Пайрав ҚОСИМ,
АМИТ «Ховар»
АКСҲО: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»








Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд






