Коршинос: Рушди иқтисодии Осиё соли 2022 ба 4,8% мерасад

Апрель 21, 2022 11:54

ДУШАНБЕ, 21.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 рушди иқтисодӣ дар Осиё ба 4,8 дарсад мерасад. Чунин пешгӯиро дирӯз, 20 апрел, дар Форуми осиёии Боао /БАФ/ аз номи гурӯҳе аз муаллифони пажӯҳиши нав директори Институти иқтисод ва сиёсати ҷаҳонии Академияи илмӣ- ҷамъиятии Чин Чжан Юйян (ДАР АКС) иброз намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии «Синхуа».

Дар маърӯзаи «Иқтисоди ояндадор ва раванди якҷояшавӣ дар Осиё»-и нашрнамудаи БАФ зикр мегардад, ки суръати ҳамгироии иқтисодӣ дар Осиё бо вуҷуди хисороти шадиди пандемияи COVID-19 устувор боқӣ мемонад.

Тибқи гузориш, соли 2022 дар рушди иқтисодии Осиё якчанд омилҳо, аз ҷумла пандемия, мушкилоти қарзӣ ва таъминоти маҳсулоти ашёи хом таъсир мерасонанд.

Қаблан дар мусоҳиба бо маҷаллаи «Чин» дар бораи тарҳи нави сармоягузории хориҷии Чин ӯ қабули ҳуҷҷати мазкурро «дастгирии институтсионалии бархӯрдҳои ҷадид барои ислоҳот ва бозсозии сиёсатҳое, ки Чин дар 40 соли гузашта пешниҳод кардааст», унвон намуд.

АКС: аз манбаъҳои боз

Апрель 21, 2022 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд