Дар Душанбе масъалаҳои марбут ба таҷдиди гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва таъминот бо таҷҳизот дар доираи лоиҳаи БОР баррасӣ гардиданд

Апрель 7, 2022 14:01

ДУШАНБЕ, 07.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар мақомоти гумруки Тоҷикистон маросими супоридани шаҳодатномаҳои Бонки Осиёии Рушд /БОР/ барои татбиқи муваффақонаи анҷоми «Лоиҳаи минтақавӣ оид ба беҳтар намудани хадамоти сарҳадӣ» баргузор гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зимни мулоқоти муовини аввали сардори Хадамоти гумрук Азим Турсунзода бо Сардори раёсати маъмурияти лоиҳаҳои БОР хонум Родора Консепсион масъалаҳои таҳкими ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла дурнамои ҳамкории минбаъда дар соҳаи гумрук, таҳким ва модернизатсияи соҳаи гумрукӣ дар доираи лоиҳаи БОР баррасӣ гардиданд.

Лоиҳа дар асоси Созишномаи грантӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва БОР моҳи апрели соли 2013 ба имзо расонида шуда, анҷоми пурраи он бо иҷрои ҳамаи вазифаҳои гузошташуда ва азхудкунии маблағҳои грантӣ дар ҳаҷми 100 фоиз соли гузашта анҷом дода шуд.

Лоиҳа аз ду қисмати асосӣ иборат буд, ки қисмати аввалаш сохтмон ва таҷҳизонидани гузаргоҳи сарҳадии «Гулистон» дар шаҳри Исфара соли 2017 пурра анҷом ёфт.


Ҷузъи дуюм ва мушкилтарин дар татбиқи лоиҳа, ки барои кишварамон ислоҳоти ҷиддӣ талаб менамуд, ин «Таъсиси равзанаи ягона» ба шумор мерафт. Барои рушди ин низом бо кумаки ширкатҳои байналмилалӣ ва маҳаллӣ корҳои зиёд анҷом дода шуда, дар натиҷа тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Равзанаи ягонаи миллӣ» аз 1 сентябри соли 2020 ба кор шурӯъ кард. Ба он 11 вазорату идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб гардидаанд.

Раванди ҳуҷҷатгузорӣ пурра аз шакли коғаз ба шакли электронӣ гузаронида шуда, аз лаҳзаи ба кор даромадани ин низом то имрӯз беш аз 2000 истифодабаранда дар низоми мазкур сабт шуда, ҳудуди 70 ҳазор муроҷиат аз ҷониби иштирокчиёни фаъолияти иқтисодӣ ба қайд гирифта шуда, ба 60 ҳазор нафарашон ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ супорида шудаанд.

Инчунин дар доираи Лоиҳа бо истифода аз тендерҳои миллӣ ва байналмилалӣ беш аз 22 шартнома ба имзо расида, амалӣ гардиданд. Илова бар ин аз ҳисоби хизматрасонии ширкатҳои байналмилалӣ тақрибан 2 миллион доллари амрикоӣ (22 фоизи арзиши умумии лоиҳа) сарфа карда шуд. Барои таҳкими заминаи молиявӣ — техникии Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Хадамоти гумрук, Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази равзанаи ягона», инчунин 11 сохтори давлатӣ, ки ба низоми «Равзанаи ягона» ҷалб шудаанд, таҷҳизот харидорӣ гардид.

Лоиҳаи мазкур бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои муштараки Ҳукумати кишвар ва БОР муваффақона амалӣ гардид.

Фаъолияти асосии марҳилаи дуюми лоиҳа ба таҷдиди гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва таъмини онҳо бо таҷҳизоти муосири ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ равона мешавад. Бо ин мақсад аллакай дар доираи лоиҳаи анҷомёфта корҳои муайян ба ҷо оварда шудаанд. Аз ҷумла, 2 мушовири байналмилалӣ барои арзёбӣ ва таҳлили вазъи нуқтаҳои гузаргоҳи назоратӣ ва пешниҳоди тавсияҳои минбаъда ҷалб карда шуданд.

АКСҲО: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ

Апрель 7, 2022 14:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон татбиқи лоиҳа оид ба барқикунонии нақлиёти ҷамъиятӣ бо дастгирии Комиссияи СММ оғоз гардид
IRS: Оқибати харобиовари сел дар роҳи Душанбе-Чанок қисман бартараф гардид
Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти Бонки Осиёии Рушд ҷалби сармоя ба сохтмони иншооти муҳими стратегиро баррасӣ намуд
Оилаи Абдуғаффор Қаюмов дар ноҳияи Ҷайҳун аз соли 1982 ба парвариши кирмаки пилла машғул аст
Дар Риёз Саммити сармоягузорию иқтисодии «Давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Халиҷ – C5 GCC» баргузор мешавад
Дар Конибодом вазъи таъминоти заминҳои кишоварзӣ бо оби полезӣ беҳтар гардидааст
Имрӯз Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2024» анҷом меёбад
Дар шаҳри Ҳисор бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти андоз ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Фаластин дар соҳаҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамкориро тавсеа медиҳанд
«ТОШКАНД-2024». Форуми соҳибкорони вилоятҳои Суғд ва Тошканд баргузор гардид
Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо ба бунёди марказҳои логистикӣ дар Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар панели сатҳи баланд марбут ба маблағгузории «сабз» дар Тифлис сухан гуфт