Матлубахон Сатториён дар Ҳисор бо вусъати корҳои саҳроӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишт ва наздиҳавлигӣ шинос шуд
ДУШАНБЕ, 04.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Ҳисор муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Қосим Роҳбар ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод рафтанд. Дар деҳоти мазкур онҳо аз ҳавлии сокинони деҳаи мазкур Мавлуда Аҳмадова, Тоҳир Қурбонов ва Холмурод Ҳомидов дидан намуда, бо тарзи истифодаи заминҳои наздиҳавлигию корҳои деҳқонии онҳо шинос шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ доданд.
Ба муовини Сарвазир иттилоъ доданд, ки барои истифодаи самараноки замин ва гирифтани 2-3 ҳосил сокинон дар қитъаҳои хурди ҳавлии истиқоматиашон гармхонаҳо бунёд карда, парвариши лимӯ, помидору бодиринг ва сабзавоту кабудӣ роҳандозӣ намудаанд. Онҳо дар баробари таъмини эҳтиёҷоти оилаҳои худ маҳсулоти изофаро ба бозор бароварда, дар ғанӣ гардидани бозори истеъмолӣ саҳм мегузоранд.
Холмурод Ҳомидов дар саҳни ҳавлии истиқоматиаш дар ду садяк миёни ҷӯякҳои тамашк (малина) картошка кишт намудааст ва то пухта расидани тамашк ҳосили картошка ҷамъоварӣ шуда, барои кишти дигар намуди сабзавот, яъне ҳосили сеюм имконият фароҳам меояд.


Сафари кории муовини Сарвазири мамлакат дар Ҷамоати шаҳраки Ҳисор идома ёфта, дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5 ба номи Абурайҳон Берунӣ бо фаъолони ҷамоат мулоқот намуд.
Раиси Ҷамоати шаҳраки Ҳисор Абдушукур Аловиддинов оид ба омода намудани нақшаи чорабиниҳо ба муносибати ҷашни 35-солагии истиқлол ва корҳои ободониву созандагӣ дар ҳудуди ҷамоат маълумот дод. Раиси шаҳр вобаста ба ҷой доштани камбудию мушкилот дар самти сохтмону хизматрасониҳо, иқтисодиёту иҷтимоиёт сухан гуфта, ҷиҳати рафъи камбудиҳо супоришҳои мушаххас дод.
Сипас, муовини Сарвазир Матлубахон Сатториён вобаста ба авзои феълии сиёсии ҷаҳон, болоравии нарху навои маводи сӯхт ва хӯрока изҳори назар кард. Дар баробари муваффақиятҳо дар шаҳр аз як қатор камбудиҳо ёдрас шуда, барои беҳбуд бахшидан ба фаъолият дар самтҳои тарбияи ҳарбӣ ватандӯстӣ, ҷудошавии оилаҳо, хушунат дар оила, одоби оиладорӣ, риояи талаботҳои қонунҳои миллӣ, иммунизатсияи аҳолӣ, тақвияти фаъолияти муассисаҳои фарҳангию фароғатӣ, таълимӣ, тандурустию солимгардонӣ, қасру хонаҳои фарҳанг, китобхонаю осорхона, муассисаҳои томактабӣ, мактаб-интернатҳо ва ғайраҳо дастуру пешниҳодҳои мушаххас дод.
Дар иртибот ба оғози моҳи шарифи Рамазон таъкид гардид, ки моро зарур аст баробари ба ҷо овардани фаризаву суннатҳои динӣ, сарфаю сариштакорӣ, иҷрои амалҳои хайру эҳсон ва дастгириву навозиши ятимону маъюбон ва камбизоатҳову муҳтоҷонро фаромӯш насозем.
Мавриди зикр аст, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндагони Ҳукумати кишвар, давоми 10 рӯз ба шаҳру ноҳияҳо рафта, ҷиҳати сафарбар кардани мардум ба вусъати корҳои саҳроӣ, ободонӣ, бунёдкорӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишт, бахусус заминҳои наздиҳавлигӣ бо шаҳрвандон корбарӣ менамоянд.
АКСҲО: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Дар Душанбе масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ баррасӣ гардид
Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Коршиносони БОР соҳаи нақлиёт ва логистикаро яке аз муҳаррикони рушди иқтисодиёт арзёбӣ менамоянд
Байни Тоҷикистон ва палатаҳои савдою саноати кишварҳои ИДМ густариши робитаҳои тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Барои фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ талаботи нав амалӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд






