«МИЛЛАТИ СОЛИМ». Дар Душанбе лоиҳаи нав дар соҳаи тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Апрель 5, 2022 09:34

ДУШАНБЕ, 05.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 4 апрел Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоиии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо миссияи Бонки ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии Мирия Шоблум мулоқот намуд, ки зимни он таҳияи лоиҳаи нав дар соҳаи тандурустӣ «Миллати солим», дастгирии амалисозии лоиҳаҳои амалкунанда, аз ҷумла «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ» ва «Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси КОВИД-19», таҳияи нақшаи инвеститсионӣ ҷиҳати дастгирии амалисозии «Стратегияи миллии ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Бонки ҷаҳонӣ шарики баэътимоди стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, бо дастгирии бонки мазкур дар мамлакат якчанд лоиҳаҳо дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ татбиқ шуда истодаанд.

Зикр шуд, ки  айни замон нақшаи инвеститсионӣ барои дастгирии самтҳои афзалиятнок, ки ба таъмини маблағгузории устувори соҳаи тандурустӣ, таъмини хизматрасонии босифат ва самаранок дар сатҳи КАТС, таҳкими системаҳои иттилоотӣ, рақамикунонии соҳаи тандурустӣ ва захираҳои кадрии системаи тандурустӣ равона шудааст, таҳия гардида истодааст.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Апрель 5, 2022 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд