«МО БА КИШВАРҲОИ ОФТОБРӮЯ МЕРАВЕМ!». Тоҷикистон ба раддабандии 20 самти арзон ва мувофиқ шомил гардид, ки аз ҷониби коршиносони соҳаи сайёҳии Русия мураттаб шудааст

Апрель 5, 2022 12:32

ДУШАНБЕ, 05.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ба раддабандии 20 самти арзон ва мувофиқ шомил гардид, ки аз ҷониби коршиносони соҳаи сайёҳӣ мураттат шудааст. Онҳо кишварҳои хориҷиеро барои сайёҳони рус номбар кардаанд, ки дар онҳо парвозҳои бидуни таваққуф вуҷуд доранд ва инчунин арзиши аслии ин сафарҳоро ошкор намудаанд, хабар медиҳад OneTwoTrip.

Коршиносони соҳаи сайёҳӣ маъмултарин самтҳои сайёҳиро барои рӯзҳои истироҳатии тӯлонӣ дар моҳи майи соли ҷорӣ муайян карданд. Ҳамзамон онҳо аз феҳристи кишварҳое истифода кардаанд, ки рӯзномаи «Комсомольская правда» тартиб додааст ва ҳоло Русия бо онҳо парвозҳои мустақим дошта, инчунин ширкатҳои ҳавопаймоии дохилӣ ва хориҷӣ парвоз анҷом медиҳанд.

Тоҷикистон, Қирғизистон ва Беларус ба ин кишварҳо шомил шудаанд. “Шумо метавонед бо 10 ҳазор рубл ба Тоҷикистон, 11 ҳазор  рубл ба Қирғизистон  ва бо 4,2 ҳазор рубл ба Беларус  сафар намоед”, — муроҷеъ шудданд коршиносон ба сайёҳон.

Ҳамзамон дар ин раддабандӣ Алҷазоир, Арманистон, Баҳрайн, Венесуэла, Миср, Озарбойҷон, Исроил, Эрон, Қазоқистон, Қатар, Аморати Муттаҳидаи Араб,  Сербия, Туркия, Узбекистон, Шри-Ланка ва Эфиопия  ҷой гирифтаанд.

«Ҳар қадаре ки идҳои моҳи май ва таътили тобистона наздиктар шаванд, дӯстдорони саёҳат ҳамон қадар бештар ба харитаи ҷаҳон назар мекунанд:  ба куҷо сафар кардан мумкин?

Ёдовар мешавем, ки парвозҳои байналмилалӣ на танҳо барои сайёҳон заруранд. Мардум ба назди ҳамсарон, фарзандон ва волидони худ парвоз мекунанд, барои табобати дарозмуддат мераванд, бисёре аз русҳо дар донишгоҳҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд ва дар донишгоҳҳои Русия донишҷӯёни хориҷӣ ҳастанд. Ба тиҷорат дар шароити таҳримҳо  бозорҳои нав заруранд», — менависанд мураттибони раддабандӣ.

АКС: Shutterstock

Апрель 5, 2022 12:32

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд