МУҲЛАТИ ҚАБУЛИ ДОВТАЛАБОН БИНОБАР ЗИЁД БУДАНИ ТЕЪДОДИ ОНҲО ТАМДИД ГАРДИД. Хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ бештар кадом ихтисосҳоро интихоб менамоянд?
ДУШАНБЕ, 29.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон бинобар зиёд будани хоҳишмандон ва тибқи дархосту муроҷиатҳои шаҳрвандон муҳлати бақайдгирӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаву олии касбӣ то 30 апрел тамдид карда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Ёвари директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, то рӯзи 25 апрел 89 ҳазору 610 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва касбии кишвар барои ширкат дар имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ (ИМД) ҳуҷҷат супоридаанд.
Яке аз ихтисосҳои машҳури имрӯза «Эпидемиология, гигиена ва нигоҳдории тандурустии ҷамъиятӣ»-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино мебошад. Барои як ҷой дар ин ихтисос 533 нафар довталабон ҳуҷҷат супоридаанд. Махсусан шуъбаи рузона, шакли ройгони таҳсил маъмул аст, таъкид кард Абдулбосит Шодиниё.
Дар ҷои дуюм ихтисоси «Андоз ва андозбандӣ» ва дар ҷои сеюм «Санҷиши судӣ» қарор доранд. Аз рӯйи онҳо дар 1 ҷойи нақшавӣ мутаносибан 370 ва 348 нафар ҳуҷҷат супоридаанд.
Ба довталабон дар яке аз 5 кластер то 12 ихтисос пешниҳод карда мешавад.
Ёвари директори ММТ Абдулбосит Шодиниё ба шахсони хоҳишманди иштирок дар ИМД-2022 тавсия медиҳад, ки пешакӣ бо ихтисосҳо шинос шаванд ва тасмим гиранд, зеро ин ба имкони дохил шудан ба муассисаи таълимии муайян таъсир мерасонад. Он гоҳ ҳуҷҷатҳои барои бақайдгирӣ заруриро бо рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳои интихоб кардаашон пешакӣ омода намуда, баъдан дар нуқтаҳои бақайдгирӣ ҳозир шаванд.
Барои ин онҳо метавонанд аз хизматрасонии «Пешномнависӣ», ки дар сомонаи Марказ дастрас аст, истифода намоянд, ки ба сарфаи вақти ҳам довталабон ва ҳам кормандони марказ мусоидат мекунад.

Дар худи ҳамон сомона онҳо метавонанд омори раванди бақайдгириро пайгирӣ кунанд, инчунин дар ҳолати зарурӣ интихоби ихтисосро тағйир диҳанд.
Ёдовар мешавем, ки имтиҳонҳои дохилшавӣ ба донишгоҳҳо моҳи июл оғоз мешаванд. Хатмкунандагони мактабҳо метавонанд имтиҳонро дар хамаи нуқтаҳои муайянгардидаи шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ супоранд. Маълум аст, ки барои тасдиқи шахсияти довталабони имтиҳонҳо ташхиси изи ангушт гузаронида мешавад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Тоҳир Саид/АМИТ «Ховар»









Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






