Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзии ноҳияҳои Носири Хисрав, Қубодиён ва Шаҳритус шинос шуд

Апрель 25, 2022 13:00

ДУШАНБЕ, 25.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 23 апрел баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Президенти​ Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ​ Раҳмон муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ҳамроҳ бо Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода ва директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмурод Раҳмон ҷиҳати оқилонаву самаранок истифода намудани замин, баланд бардоштани ҳосилнокии зироати кишоварзӣ ва аз ҳар қитъа гирифтани се-чор ҳосил аз ноҳияҳои Носири Хисрав, Қубодиён ва Шаҳритуси вилояти Хатлон боздид ба амал оварданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ хабар доданд.

Зимни шиносоӣ бо вазъи соҳаи кишоварзии ноҳияҳои мазкур барои истифодаи самараноки ҳар қитъа замин, интихоби навъҳои ҳосилхезу минтақабоби тухмиҳо, сари вақт гузаронидани коркарди агротехникии майдонҳои кишт, ҳамкории доимӣ бо кишоварзон ҷиҳати баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳо ба масъулин дастурҳои зарурӣ ва ба деҳқонон тавсияҳо дода шуданд.

Дар ҷараёни боздид аз фаъолияти пойгоҳҳои обкашӣ муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Сулаймон Зиёзода роҳбарияти ноҳияҳо ва масъулини соҳаҳои дахлдорро вазифадор намуд, ки ҷиҳати таъмиру тармими босифати насосҳои обкашӣ ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта тадбирҳои қатъӣ андешанд.


Ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва раисони ноҳияҳо супориш дода шуд, ки барои амалӣ намудани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои холимонда ва партови дар ҳудуди ин ноҳияҳо мавҷуда тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ намоянд.

Дар баробари ин, ба Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ барои назорати иҷрои қатъии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳо, назорати истифодаи мақсадноку самараноки қитъаҳои замин ва таъмин намудани майдонҳои кишт бо оби полезӣ тибқи меъёри муайянгардида супоришҳо дода шуданд.

АКС: Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ

Апрель 25, 2022 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад