НАМОИШГОҲИ «ИННОПРОМ.Осиёи Марказӣ». Дар он маҳсулот ва хизматрасонии 28 корхонаи Тоҷикистон ба намоиш гузошта шудааст

Апрель 26, 2022 11:51

ДУШАНБЕ, 26.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 25 апрел дар Тошканд Намоишгоҳи байналмилалии саноатии «ИННОПРОМ.Осиёи Марказӣ», ки  бузургтарин чорабинӣ дар минтақа буда, ба густариши ҳамкории сармоягузорӣ, саноатӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, инчунин ба роҳ мондани робитаҳои нави корӣ ва рушди ҳамкории саноатӣ миёни корхонаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ нигаронида шудааст, ифтитоҳ гардид.

Имсол барои ширкат дар намоишгоҳ беш аз панҷ ҳазор ширкаткунанда, зиёда аз 200 ширкати хориҷӣ ва ҳайатҳои тиҷоратӣ аз кишварҳои ИДМ, Фаронса, Италия, Нидерландия, Ҳиндустон, Ирландия ва Ҷопон сабти ном шудаанд. Инчунин ҳайатҳои расмӣ, аз ҷумла аз Федератсияи Русия, Тоҷикистон, Беларус, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркманистон ва Муғулистон иштирок мекунанд.

Тавре  АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, ҳайати Тоҷикистонро Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир раҳбарӣ мекунад.

Иқтидори саноатии Тоҷикистонро  дар намоишгоҳи байналмилалии  саноатии «ИННОПРОМ.Осиёи Марказӣ» 28 корхона, аз ҷумла «ТаЛКо», «Хуаксин семент», «Зиркон», «Фон ягноб»,  «Ғалла»,  «Рухом», «Асрори санг», «Вахдат текстайлз», «Ҷунтай Данғара Синсилу», «Сифат саноат», «Атласи Хуҷанд», «Колинҳои Қайроққум», ҶCR  «Гулистон», «Амирӣ», «Оби зулол», «Сиёма», «Фасонак», «Ҷавонӣ», «Пиллаи Тоҷик», «Лаъл», «Акия Авесто»,  «Норд Азия Металл», «Зарри Суғд» ва ғайра муаррифӣ доранд.

Намоишгоҳи байналмилалии  саноатии «ИННОПРОМ.Осиёи Марказӣ»  бо баргузории ҷаласаи асосии «Осиёи Марказӣ: фазои пешрафти технологӣ» бо иштироки муовини Сарвазир – вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Узбекистон Сардор Умурзоқов, Вазири саноат ва савдои Русия Денис Мантуров, вазири саноати Беларус Петр Пархомчик, Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир ва вазири иқтисоди Арманистон Ваган Керобян ифтитоҳ  ёфт.

Намоишгоҳи байналмилалии  саноатии «ИННОПРОМ.Осиёи Марказӣ»  се рӯз идома ёфта, интизор меравад, ки ҳайатҳо на танҳо аз гӯшаҳои намоишгоҳ, балки аз майдонҳои саноатии Узбекистон низ дидан кунанд.

 

                                        Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

                                                          АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 26, 2022 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид