НАМОИШГОҲИ «ИННОПРОМ.Осиёи Марказӣ». Дар он маҳсулот ва хизматрасонии 28 корхонаи Тоҷикистон ба намоиш гузошта шудааст
ДУШАНБЕ, 26.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 25 апрел дар Тошканд Намоишгоҳи байналмилалии саноатии «ИННОПРОМ.Осиёи Марказӣ», ки бузургтарин чорабинӣ дар минтақа буда, ба густариши ҳамкории сармоягузорӣ, саноатӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, инчунин ба роҳ мондани робитаҳои нави корӣ ва рушди ҳамкории саноатӣ миёни корхонаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ нигаронида шудааст, ифтитоҳ гардид.
Имсол барои ширкат дар намоишгоҳ беш аз панҷ ҳазор ширкаткунанда, зиёда аз 200 ширкати хориҷӣ ва ҳайатҳои тиҷоратӣ аз кишварҳои ИДМ, Фаронса, Италия, Нидерландия, Ҳиндустон, Ирландия ва Ҷопон сабти ном шудаанд. Инчунин ҳайатҳои расмӣ, аз ҷумла аз Федератсияи Русия, Тоҷикистон, Беларус, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркманистон ва Муғулистон иштирок мекунанд.
Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, ҳайати Тоҷикистонро Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир раҳбарӣ мекунад.
Иқтидори саноатии Тоҷикистонро дар намоишгоҳи байналмилалии саноатии «ИННОПРОМ.Осиёи Марказӣ» 28 корхона, аз ҷумла «ТаЛКо», «Хуаксин семент», «Зиркон», «Фон ягноб», «Ғалла», «Рухом», «Асрори санг», «Вахдат текстайлз», «Ҷунтай Данғара Синсилу», «Сифат саноат», «Атласи Хуҷанд», «Колинҳои Қайроққум», ҶCR «Гулистон», «Амирӣ», «Оби зулол», «Сиёма», «Фасонак», «Ҷавонӣ», «Пиллаи Тоҷик», «Лаъл», «Акия Авесто», «Норд Азия Металл», «Зарри Суғд» ва ғайра муаррифӣ доранд.
Намоишгоҳи байналмилалии саноатии «ИННОПРОМ.Осиёи Марказӣ» бо баргузории ҷаласаи асосии «Осиёи Марказӣ: фазои пешрафти технологӣ» бо иштироки муовини Сарвазир – вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Узбекистон Сардор Умурзоқов, Вазири саноат ва савдои Русия Денис Мантуров, вазири саноати Беларус Петр Пархомчик, Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир ва вазири иқтисоди Арманистон Ваган Керобян ифтитоҳ ёфт.
Намоишгоҳи байналмилалии саноатии «ИННОПРОМ.Осиёи Марказӣ» се рӯз идома ёфта, интизор меравад, ки ҳайатҳо на танҳо аз гӯшаҳои намоишгоҳ, балки аз майдонҳои саноатии Узбекистон низ дидан кунанд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз












Дар панҷ ноҳияи вилояти Хатлон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Вахш кишти пунбадона идома дорад
Дар Москва ҷаласаи Шурои соҳибкории Русияву Тоҷикистон баргузор гардид
Корҳои омодагӣ барои баргузории Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ идома доранд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд дар самти рақамикунонии иқтисод ва татбиқи зеҳни сунъӣ густариш медиҳад
Дар Душанбе оид ба баргузории Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ нишасти матбуотӣ доир шуд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар Муъминобод форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ баргузор мегардад
Дар мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» тадбирҳои беҳдошти ҳолати гидрологӣ амалӣ гардиданд
Дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд дар Душанбе ҳайати бонуфуз аз Миср иштирок менамояд
Аз ноҳияи Дӯстӣ ба Федератсияи Русия маҳсулоти кишоварзӣ содирот мегардад
Кишоварзони ноҳияи Восеъ дар беш аз 7 ҳазор гектар пунбадона кишт менамоянд
Оид ба рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шароити кишварҳои Авруосиёӣ форуми байналмилалӣ доир мешавад






