Намоиши «Бунбаст»-и театри Лоҳутӣ дар Фестивали «Рӯзҳои театри Ҷуҷеноғлу»-и Туркия иштирок мекунад

Апрель 7, 2022 08:40

ДУШАНБЕ, 07.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳунармандони Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ намоиши «Бунбаст»-ро дар Фестивали «Рӯзҳои театри Ҷуҷеноғлу» пешкаш менамоянд, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанги мамлакат Мирзоолим Саидов.

Фестивали «Рӯзҳои театри Ҷуҷеноғлу» аз 7 то 10 апрел дар шаҳри Истанбули Туркия доир мегардад.

Намоиши «Бунбаст» аз рӯйи намоиши драмнависи турк Тунҷер Ҷуҷеноғлу ва таҳияи Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Қурбони Собир ба саҳна гузошта шудааст.

Дар он нақшҳои асосиро Мавлона Наҷмуддинова, Гулмираи Аҳрорзод ва Аъзами Розиқ иҷро намудаанд.

Ёдовар мешавем, ки нахустнамоиши «Бунбаст» 5 апрел дар саҳнаи Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ пешниҳоди дӯстдорони театр гардонида шуд. 

 

АКС: Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ

Апрель 7, 2022 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид