Намояндагони ширкатҳои Тоҷикистон аз қароргоҳи «Airbus» ва «Euler Hermes» дар Ҳамбург дидан карданд

Апрель 5, 2022 14:35

ДУШАНБЕ, 05.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Олмон силсилавохӯриҳои ҳайати иқтисодии кишвар иборат аз роҳбарияти ҶСК «Ориёнбонк», ҶСК «Тавҳидбонк» ва ҶДММ «Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр» бо мақсади рушд ва таҳкими ҳарчи бештари робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ бо ширкатҳои бонуфузи олмонӣ доир шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Аз ҷумла, 31 март ҷиҳати имкони рушди ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаи нақлиёти ҳавоӣ бо Мудири кулли ширкати бонуфузи «Airbus Operations GmbH» Гуннар Грос мулоқот сурат гирифт.

Ҳайати тоҷикистонӣ дар баробари огаҳӣ ёфтан аз фаъолияти гуногунҷанбаи «Airbus Operations GmbH», ҳамчунин бо раванди корҳои истеҳсолии ҳавопаймоҳои тамғаҳои мухталифи мусофиркаши оилаи «Аэробус» шинос шуд.

Худи ҳамон рӯз вохӯрии дигар бо роҳбарияти Ҷамъияти саҳомии «Euler Hermes», аз ҷумла сардори раёсати суғуртакунӣ ва идораи хавфҳо Ян-Филипп Апкин ва мушовири калон оид ба масъалаҳои ҳамлу нақл Бертҳолд Ройтер вобаста ба тақвияти ҳамкории минбаъда анҷом дода шуд.

АКС: ВКХ ҶТ

Апрель 5, 2022 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд