Ноҳияи Шуғнон ба хати ягонаи барқии Тоҷикистон пайваст шуд

Апрель 30, 2022 09:10

ХОРУҒ, 30.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ноҳияи Шуғнон низ ба ҳалқаи ягонаи барқии вилоят ва аз тариқи он ба хати барқии мамлакат пайваст шуд. Чунин имконият пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани зеристистгоҳи деҳаи Бунии Ҷамоати деҳоти ба номи Мирзоҷон Ширинҷонов, таъмиру таҷдиди пурраи он ва насби 86 сутунпояҳои оҳанини хати интиқоли барқи 110 кВ дар масофаи 19,5 км ба даст оварда шуд, иттилоъ додааст мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз МИРАСАН.

Ин лоиҳа мутобиқи созишномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди байналмилалии ПАТРИБ бо харҷи 4 миллион евро амалӣ гардида, дар доираи ҳамин лоиҳа се деҳаи вулусволии Шуғнони Ҷумҳурии исломии Афғонистон бо фарогирии 375 хоҷагӣ бори аввал ба неруи барқ дастрасӣ пайдо намуданд. Дар марҳилаи дуюми татбиқи ин лоиҳа бо неруи барқ таъмин намудани боз як деҳаи дигари кишвари ҳамсоя дар назар дошта шудааст. Фармоишгари лоиҳаи мазкур ширкати «Помирэнерҷӣ» ва пудратчӣ «Бадахшон ТАДЕС» мебошанд.

Раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъа Ҷумъазода дар расми ифтитоҳи зеристгоҳ ва хати нави интиқоли барқ изҳор намуд, ки «маҳз бо шарофати сиёсати дарҳои бози Ҳукумати ҷумҳурӣ батадриҷ сокинони кишвар ба неруи кофии барқ дастрасӣ пайдо намуда, дар фасли гармо кишварҳои ҳамсояро низ аз мушкилоти бебарқӣ раҳоӣ мебахшанд. Маҳз бо талоши пайвастаи Пешвои миллат дар даврони соҳибистиқлолӣ 287 неругоҳҳои хурду бузург, 1,5 ҳазор километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, 50 зеристгоҳҳои баландшиддати барқӣ бунёду таҷдид ва дар маҷмӯъ 75 дарсади инфрасохтори ҷумҳурӣ навсозӣ гардид. Бо ба вуҷуд овардани иқтидорҳои фаровони энергетикӣ имконияти таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ, афзоиши истихроҷу коркарди сарватҳои зеризаминӣ ва ба ин васила таъсис додани ҳазорон ҷойҳои нави корӣ имконпазир мегардад».

Раиси ноҳия гуфт, ки мутобиқи маълумот, имрӯз дар мамлакат 98 дарсади неруи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия, асосан бо истифода аз неруи об тавлид мегардад.

Тоҷикистон аз рӯи истеҳсоли «энергияи сабз» кишвари шашуми пешсаф дар ҷаҳон ба шумор меравад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 30, 2022 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад