Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои васлкунии таҷҳизоти навбатии 3 ва 4-уми коргоҳҳои ҶСП «Чунтай-Данғара син силу Текстил» шинос гардид

Апрель 4, 2022 16:53

ДУШАНБЕ, 04.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон  ба ноҳияи Данғара рафта, бо ҷараёни корҳои васлкунии таҷҳизоти навбатии 3 ва 4-уми коргоҳҳои бофандагӣ, рангу бори матоъ ва дӯзандагии ҶСП «Чунтай — Данғара син силу Текстил», воқеъ дар деҳаи Корез шинос гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.

Тазаккур дода шуд, ки Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил» аз лиҳози иқтидори истеҳсолию технологӣ дар Осиёи Марказӣ беназир буда, дар ҳамкорӣ бо сармоягузорону мутахассисони Ҷумҳурии Мардумии Чин бунёд шудааст ва бо пешрафтатарин технологияи коркарди пахта ва тавлиди маҳсулот аз ширкатҳои бонуфузи Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Италия, Швейтсария, Олмон ва Чин муҷаҳҳаз  гардидаанд.

Зикр гардид, ки Лоиҳаи сохтмони марҳалаи навбатӣ дорои 4 даври пурраи коркарди пахта буда, дар он истеҳсолоти ресандагӣ, бофандагӣ, рангуборкунӣ ва дӯзандагӣ пешбинӣ гардидааст. Тибқи нақшаи пешбинишуда, ба истифода додани марҳилаи нави корхонаҳои мазкур дар нимаи аввали соли 2022 пешбинӣ шудааст. Корҳои сохтмонӣ ба анҷом расида, муҷаҳҳазгардонии иншоот идома дорад.


Инчунин дар ҷараёни сафари корӣ Сарвазири мамлакат бо гурӯҳи ҳамроҳонаш дар оғози кишти пахтаи ҶСП «Ҷунтай Данғара Син Силу текстил», воқеъ дар деҳаи Шаҳбур иштирок карда, бо кишоварзон суҳбат кард.

Иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби ҶСП «Ҷунтай Данғара Син Силу текстил»  соли 2021 дар 1886 гектар пахта кишт ва аз он 7210 тонна пахта ҷамъоварӣ гардид, ки аз ҳар гектар 38,2 сентнер ҳосилро ташкил дод.

Соли 2022 низ дар майдони 1886 гектар кишти пахта гузаронида шуд, ки бо усули қатрагӣ ва зериплёнка парвариш карда мешавад. Тибқи маълумоти ҷамъият, имсол навъи нави пахта парвариш карда мешавад.


Ёдовар мешавем,  ки имрӯз,  4 апрел Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қоҳир Расулзода  ҷиҳати шиносоӣ бо  ҷараёни  кишти баҳории зироати кишоварзӣ, корҳои сохтмонӣ, соҳилмустаҳкамкунӣ, созандагию бунёдкорӣ дар иншооти сохташаванда бахшида ба таҷлили ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон   сафари корӣ  намуд.

АКСҲО: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Апрель 4, 2022 16:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид
Бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии НБО «Варзоб-2» баррасӣ гардид
Дастовардҳои миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико доир мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПОЧТА. «Почтаи Тоҷикистон» то соли 2030 ба маркази миллии логистика ва хизматрасониҳои рақамӣ табдил меёбад
Дар Тоҷикистон беш аз 300 тонна пилла истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ баррасӣ гардид
Дар ноҳияи Восеъ иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст