ОФАРИН, ОМИНА! Хонандаи Литсейи давлатии ноҳияи Восеъ ба медали тиллои Олимпиадаи байналмилалии «Teeneagle» мушарраф гардид

Апрель 5, 2022 10:13

ДУШАНБЕ, 05.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. Хонандаи синфи 8-и Литсейи давлатии №1-и ноҳияи Восеъ Омина Худойқулова дар Олимпиадаи байналмилалии Teeneagle ONLINE аз фанни забони англисӣ сазовори ҷойи аввал ва медали тилло гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар  литсейи мазкур иттилоъ доданд.

Хонандаи литсей 26 март тариқи фосилавӣ дар олимпиадаи мазкур иштирок намуда, соҳиби мақоми аввал ва медали тилло гардид. Омина акнун дар даври финалии олимпиада, ки аз 31 июл то 7 августи соли 2022 дар донишгоҳи «Брунел» — и шаҳри Лондони Британияи Кабир баргузор мегардад, иштирок мекунад.

Ҳадаф аз баргузории олимпиада дар сатҳи баланд омӯхтани забони англисӣ буда, иштирокчиёне, ки дар ҳама даврҳои ин олимпиада ғолиб омадаанд, тибқи низомномаи озмун метавонанд барои таҳсили ройгон дар 12 донишгоҳи бонуфузи Англия роҳхат гиранд.


Солҳои охир таваҷҷуҳ ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус русиву англисӣ дар мамлакат хуб ба роҳ монда шуда, Ҳукумати мамлакат дар ин самт дастурҳои мушаххас меандешад.

Пешвои миллат 21 декабри соли 2021 зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ омӯзиши забонҳои хориҷиро муҳим арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки бахусус омӯзиши забонҳои русиву англисӣ дар тамоми факултаву шуъбаҳои мактабҳои олӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад.

«Бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад», — изҳор доштанд Сарвари давлат.

Пешвои миллат таъкид намуданд, ки зарур аст таълими забонҳои хориҷӣ, махсусан русиву англисӣ дар тамоми факултаву шуъбаҳои мактабҳои олӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад.

«Зеро Тоҷикистон ҳоло бо 180 давлат робитаи дипломатӣ ва бо 130 кишвар муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ дорад», -иброз намуданд Президенти Тоҷикистон.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО: Литсейи давлатии №1-и ноҳияи Восеъ

Апрель 5, 2022 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд