Ҷонибек Ҳикмат ва Владимир Воронков идомаи ҳамкорӣ дар доираи «Раванди Душанбе»-ро баррасӣ карданд

Апрель 11, 2022 14:17

ДУШАНБЕ, 11.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 8 апрел вохӯрии Намояндаи доимии кишвар дар СММ Ҷонибек Ҳикмат бо муовини Дабири кулли СММ, Роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ Владимир Воронков баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро дар самти мубориза бо терроризму ифротгароӣ, аз ҷумла танзими чорабиниҳои муштарак ҷиҳати татбиқи Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва идомаи ҳамкорӣ дар доираи «Раванди Душанбе» оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ёдовар мешавем, ки 16-17 майи соли 2019 дар шаҳри Душанбе Конфронси сатҳи баланди «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои созмонёфта» баргузор гардид.

Конфронс аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо танзим шуда буд.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дод, конфронси навбатии сатҳи баланд дар доираи «Раванди Душанбе» оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он моҳи октябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

АКС: ВКХ Тоҷикистон

Апрель 11, 2022 14:17

Хабарҳои дигари ин бахш

COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд