ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. ҶДММ «Тоҷфилиз» дар се моҳ ба маблағи зиёда аз 2 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуд
ДУШАНБЕ, 27.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи истеҳсоли мехҳои печони ҶДММ «Тоҷфилиз» дар се моҳи соли равон ба миқдори 163,4 тонна мех ба маблағи зиёда аз 2 миллион сомонӣ истеҳсол намудааст. Дар ин бора 26 апрел зимни шиносоӣ бо раванди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар корхонаи истеҳсоли мехҳои печони ҶДММ «Тоҷфилиз» ба и.в. раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ иттилоъ дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон.
Зикр гардид, ки корхонаи мазкур соли 2019 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, ба истеҳсол ва содироти маҳсулоти саноатӣ машғул мебошад.
Дар корхонаи саноатӣ зиёда аз 25 намуди мехҳои печони шаклҳои гуногун истеҳсол мегарданд.
Дар айни замон шумораи кормандон дар корхонаи мазкур зиёда аз 90 нафарро ташкил медиҳад. Бештари онҳо занон буда, бо маоши хуб ва хӯроки гарм таъмин карда шудаанд.
АКС: МИҲД-и шаҳри Бӯстон









«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд






