ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. ҶДММ «Тоҷфилиз» дар се моҳ ба маблағи зиёда аз 2 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуд

Апрель 27, 2022 10:41

ДУШАНБЕ, 27.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи истеҳсоли мехҳои печони ҶДММ «Тоҷфилиз» дар се моҳи соли равон ба миқдори 163,4 тонна мех ба маблағи зиёда аз 2 миллион сомонӣ истеҳсол намудааст. Дар ин бора  26 апрел зимни шиносоӣ бо раванди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар корхонаи истеҳсоли мехҳои печони ҶДММ «Тоҷфилиз» ба и.в. раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ иттилоъ дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри  Бӯстон.

Зикр гардид, ки корхонаи мазкур соли 2019 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, ба истеҳсол ва содироти маҳсулоти саноатӣ машғул мебошад.

Дар корхонаи саноатӣ зиёда аз 25 намуди мехҳои печони шаклҳои гуногун истеҳсол мегарданд.

Дар айни замон шумораи кормандон дар корхонаи мазкур  зиёда аз 90 нафарро ташкил медиҳад. Бештари онҳо занон буда, бо маоши хуб ва хӯроки гарм таъмин карда шудаанд.

 АКС: МИҲД-и шаҳри Бӯстон

Апрель 27, 2022 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 4-уми сатҳи баланд оид ба маблағгузории рушди устувор дар Испания иштирок намуд
Дар Созмони ҷаҳонии гумрук намояндагии доимии Тоҷикистон таъсис дода мешавад
Байни Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва Саридораи закот, андоз ва гумруки Арабистони Саудӣ Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуд
НАМОИШГОҲИ ҶАҲОНИИ EXPO-2025. Ҳамарӯза Гӯшаи Тоҷикистонро 25 ҳазор нафар тамошо менамояд
Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи ҷаҳонии EXPO-2025 дар Осакаи Ҷопон баргузор шуд
Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба як миллиард сомонӣ расид
Дар ноҳияи Ёвон беш аз 22 ҳазор тонна маҳсулоти ғаладонагӣ ҷамъоварӣ гардидааст
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон соли 2024 ба беш аз 307 миллион сомонӣ расид»
Шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба 11 ҳазор расид
Эмомалӣ Раҳмон: «Ташрифи сайёҳон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 13 баробар афзудааст»
Қитъаи муҳими роҳи Душанбе – Хоруғ – Қалъаихумб бо пулу нақб мавриди истифода қарор гирифт