Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара муассисаи таълимиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
ДУШАНБЕ, 28.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. 28 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Офтобрӯяи деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №80-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншоот аз ду ошёна иборат буда, дорои 8 синфхонаи таълимӣ аз ҷумла, синфхонаи компютерӣ, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои зарурӣ мебошад.
Дар муассисаи нави таълимӣ 9 нафар омӯзгор ба таълиму тарбияи 159 нафар хонанда машғуланд.
Иншоот бо мизу курсӣ, таҷҳизоти муосири омӯзишӣ ва дигар аёнияти хониш муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №80 дар доираи ҷашни 35 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳми соҳибкорону шахсони бонангу номуси ноҳия бе ҷалби маблағҳои буҷетӣ мутобиқ ба талаботи замон ва бо сифати баланд сохта шудааст.
Барои дар мавсими сармо таъмин намудани синфхонаҳо бо гармӣ системаи гармидиҳандаи буғӣ сохта шуда, атрофи иншоот сафолакпӯш ва бо шинонидани гулу бутта ва ниҳолҳои сояафкану ороишӣ ободу зебо гардонида шудааст.
Ҳамчунин дар назди муассисаи таълимӣ майдончаи варзишӣ барои бозии футбол, волейбол ва баскетбол бунёд гардидааст.









Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия






