«Пиряхҳо — ҳамчун манбаи обҳои мусаффои Тоҷикистон»- таҳти ин унвон дар Осорхонаи миллӣ намоиш оғоз гардид

Апрель 2, 2022 11:06

ДУШАНБЕ, 02.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Осорхонаи миллии  Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» бахшида ба Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор (солҳои 2018-2028)» таҳти унвони «Пиряхҳо — ҳамчун манбаи обҳои мусаффои Тоҷикистон» намоиш ташкил  намуд, ки он  то 14 апрел идома меёбад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар  Осорхонаи миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар намоиш аз фонди Осорхонаи миллӣ 15 адад беҳтарин мусаввараҳои рассомони машҳури тоҷик,  аз ҷумла офаридаҳои Х. Хушвахтов — «НБО-и Норак», «Манзараҳои Помир», З. Ҳабибуллоев -«Кӯли кабуд», Қ. Шарипов — «Манзараи об», «Оби мусаффо», Ф.Салманов — «Баҳри Норак» ва ғайра  ба тамошо гузошта шудаанд.

Аз ҷониби МДИ «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» зиёда аз 20 адад китобҳо марбут ба омӯзиши пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва захираҳои обии кишвар, инчунин 30 адад  либос ва асбобу дастгоҳҳои махсус, ки дар раванди баргузории экспедитсияҳо доир ба омӯзиши пиряхҳо аз ҷониби мутахассисон истифода мегарданд, манзури  тамошобинон шудаанд. Яке аз дигар экспонатҳои ҷолиби  намоиши мазкур -ин Парчами давлатии Тоҷикистон мебошад, ки бори нахуст 6 январи соли 2009 дар қитъаи 6 олам Антарктида расман барафрохта шуда буд.

Дар ифтитоҳи намоиш роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллӣ, Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон», устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.


Директори Осорхонаи миллӣ Аҳлиддин Ибодуллозода зикр кард, ки Тоҷикистон яке аз мамлакатҳои аз ҷиҳати захираҳои обӣ бойи минтақаи Осиёи Марказӣ маҳсуб шуда, дар ҳудуди он беш аз 13 000 пирях мавҷуданд, ки дар ташаккули обу дарёҳои минтақа нақши назаррас доранд.

«Пешниҳодҳои Тоҷикистон оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», мушаххас сохтани санаи «Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо» ва таъсиси «Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» баёнгари таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар, хосатан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳифзу омӯзиши пиряхҳо — ҳамчун манбаи асосии обҳои мусаффо дар ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад. Тоҷикистон бо мақсади омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо аз соли 2018 дар назди АМИТ Маркази омӯзиши пиряхҳо таъсис дода шудааст. Таъсиси ин ниҳод дар кишвар дар самти омӯзиши пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим ва гармшавии ҳарорат  дар сайёра саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ мегардад»,- афзуд Аҳлиддин Ибодуллозода.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон  барои мушаххас намудани омилҳои таъсиррасон ба тағйирёбии иқлим дар мамлакат ва тавсеаи ҳамкорӣ дар масъалаи тағйирёбии иқлим се Паёми миллӣ оид ба Конвенсияи қолабии СММ доир ба тағйирёбии иқлим (солҳои 2002, 2008 ва 2014) — ро қабул намуд. Тоҷикистон ҳамчунин дар арсаи байналмилалӣ дар масъалаи тағйирёбии иқлим фаъолияти мунтазам дорад.

АКСҲО: Осорхонаи миллӣ

Апрель 2, 2022 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба дастгирии истеъдодҳои ҷавон дар ИДМ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ оғоз мегардад
«ДОСТОНИ ХУДШИНОСӢ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Пагоҳ Душанбе мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
ЗАБОН–САДОИ ХОТИРАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Мутахассисони соҳа бояд, ки истилоҳоти дурусту фаҳмо ва мувофиқ ба мазмуну муҳтавои соҳаҳои гуногунро барои истифода пешниҳод намоянд»
ЗАБОНИ МОДАРИИ МО—ЗАБОНИ ШИРИНУ ШЕВО ВА ШОИРОНАИ ТОҶИКӢ! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
«ҶАҲОНИ РАССОМ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Дӯст Азизов ташкил гардид
Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Қирғизистон доир мегарданд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои омӯзгорон сайри идонаи осорхонавӣ ташкил гардид
«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид