«Пиряхҳо — ҳамчун манбаи обҳои мусаффои Тоҷикистон»- таҳти ин унвон дар Осорхонаи миллӣ намоиш оғоз гардид

Апрель 2, 2022 11:06

ДУШАНБЕ, 02.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Осорхонаи миллии  Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» бахшида ба Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор (солҳои 2018-2028)» таҳти унвони «Пиряхҳоҳамчун манбаи обҳои мусаффои Тоҷикистон» намоиш ташкил  намуд, ки он  то 14 апрел идома меёбад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар  Осорхонаи миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар намоиш аз фонди Осорхонаи миллӣ 15 адад беҳтарин мусаввараҳои рассомони машҳури тоҷик,  аз ҷумла офаридаҳои Х. Хушвахтов — «НБО-и Норак», «Манзараҳои Помир», З. Ҳабибуллоев -«Кӯли кабуд», Қ. Шарипов — «Манзараи об», «Оби мусаффо», Ф.Салманов — «Баҳри Норак» ва ғайра  ба тамошо гузошта шудаанд.

Аз ҷониби МДИ «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» зиёда аз 20 адад китобҳо марбут ба омӯзиши пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва захираҳои обии кишвар, инчунин 30 адад  либос ва асбобу дастгоҳҳои махсус, ки дар раванди баргузории экспедитсияҳо доир ба омӯзиши пиряхҳо аз ҷониби мутахассисон истифода мегарданд, манзури  тамошобинон шудаанд. Яке аз дигар экспонатҳои ҷолиби  намоиши мазкур -ин Парчами давлатии Тоҷикистон мебошад, ки бори нахуст 6 январи соли 2009 дар қитъаи 6 олам Антарктида расман барафрохта шуда буд.

Дар ифтитоҳи намоиш роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллӣ, Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон», устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.


Директори Осорхонаи миллӣ Аҳлиддин Ибодуллозода зикр кард, ки Тоҷикистон яке аз мамлакатҳои аз ҷиҳати захираҳои обӣ бойи минтақаи Осиёи Марказӣ маҳсуб шуда, дар ҳудуди он беш аз 13 000 пирях мавҷуданд, ки дар ташаккули обу дарёҳои минтақа нақши назаррас доранд.

«Пешниҳодҳои Тоҷикистон оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», мушаххас сохтани санаи «Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо» ва таъсиси «Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» баёнгари таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар, хосатан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳифзу омӯзиши пиряхҳо — ҳамчун манбаи асосии обҳои мусаффо дар ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад. Тоҷикистон бо мақсади омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо аз соли 2018 дар назди АМИТ Маркази омӯзиши пиряхҳо таъсис дода шудааст. Таъсиси ин ниҳод дар кишвар дар самти омӯзиши пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим ва гармшавии ҳарорат  дар сайёра саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ мегардад»,- афзуд Аҳлиддин Ибодуллозода.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон  барои мушаххас намудани омилҳои таъсиррасон ба тағйирёбии иқлим дар мамлакат ва тавсеаи ҳамкорӣ дар масъалаи тағйирёбии иқлим се Паёми миллӣ оид ба Конвенсияи қолабии СММ доир ба тағйирёбии иқлим (солҳои 2002, 2008 ва 2014) — ро қабул намуд. Тоҷикистон ҳамчунин дар арсаи байналмилалӣ дар масъалаи тағйирёбии иқлим фаъолияти мунтазам дорад.

АКСҲО: Осорхонаи миллӣ

Апрель 2, 2022 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Имсол дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
ҲАРГИЗ НАМИРАД ОН КИ ДИЛАШ ЗИНДА ШУД БА ИШҚ. Девони Ҳофиз дар Тоҷикистон беш аз сад маротиба ба нашр расидааст
КУЛОЛГАРӢ. Саразми бостон яке аз нахустин марказҳои кулолгарии Осиёи Марказӣ будааст