Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара коргоҳи қаннодии ҶДММ «Баракат-Исфара»-ро ифтитоҳ ва аз намоиши маҳсулоти он боздид карданд
ДУШАНБЕ, 17.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. 17 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти қаннодии ҶДММ «Баракат-Исфара»-ро ифтитоҳ намуданд.
Иншоот аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ дар ҳамкори бо шарикони рушд дар масоҳати 300 метри муррабаъ мутобиқ ба талаботи замон бунёд карда шудааст.
Корҳои сохтмону навсозии бино ва насбу васли таҷҳизотро сохтмончиён ва мутахассисони маҳаллӣ ба анҷом расонидаанд ва ин як тадбири муҳим дар самти таъмини аҳолӣ бо ҷойи корӣ мебошад.
Самти асосии фаъолияти иншооти саноатӣ коркарди мева ва истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ аз меваҳои хуштамъи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Бо мақсади диверсификатсияи истеҳсолот, таъмини бозори дохилию хориҷӣ бо маҳсулоти баландсифати шоколадӣ ва хушкмева соҳибкор иқдом гирифтааст, ки дар шаҳри Душанбе дар муддати як сол корхонаи коркарди мева ва истеҳсоли маҳсулоти қаннодиро бо технологияи муосир аз ширкатҳои бонуфӯзи Италия ва Туркия сохта ба истифода диҳад.
Хатҳои нави технологӣ имкон медиҳад, ки дар як моҳ беш аз 50 тонна маҳсулот истеҳсол карда шавад.
Пас аз ифтитоҳи иншоот барои 40 нафар сокини маҳаллӣ шароити хуби корӣ муҳайё карда шуд.
Тибқи нақша маҳсулоти истеҳсолӣ дар дохил ва хориҷи кишвар пешниҳоди мизоҷон гардонида мешавад.
Имрӯзҳо маҳсулоти истеҳсолии ҶДММ “Баракат-Исфара” дар Ҷумҳурии Қазоқистон, Федератсияи Русия, кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пешниҳоди мизоҷон гардонида мешавад. Бо ин васила маҳсулоти баландсифат ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардида, дар дигар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон низ талабот ба он бештар шудааст.
Мавриди зикр аст, ки ҶДММ “Баракат-Исфара” соли 2008 дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар майдони 2,4 гектар замин таъсис дода шудааст.
Соли 2021 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхона беш аз 18 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2020 се маротиба зиёд мебошад.
Айни замон дар ҳар се марҳилаи корхона беш аз 150 нафар занону духтарони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъминанд.
Барои таъмини корхона бо маҳсулот дар асоси шартнома бо хоҷагиҳои кишоварзӣ ва сокинон меваҳои истеҳсоли ватанӣ қабул карда мешавад.
Баҳри истеҳсоли маҳсулоти озуқавории ба саломатии инсон фоидаовар, рақобатпазир ва ҳифзу нигоҳдошти маҳсулот дар корхона озмоишгоҳ, анбор ва бо ғунҷоиши беш аз 1000 тонна сардхонаи махсус мавҷуд аст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 68 корхона, ки самти фаъолияташонро истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ ташкил медиҳад мавҷуд аст.
Дар соли 2020 истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ 17,4 ҳазор тонна, соли 2021 32,4 ҳазор тонна ва дар моҳҳои январ-феврали соли 2022 3,9 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Рамҳон иқдоми наҷибонаи соҳибкоронро намунаи ибрат арзёбӣ карда, таъкид доштанд, ки бо бунёд ва ифтитоҳи коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ таъсиси ҷойҳои нави корӣ зиёд гашта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва содироти он ба хориҷи кишвар низ афзун мегардад, ки ҳамаи ин барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саноатикунонии босуръати кишвар, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинони мамлакат замина мегузорад.









Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши иқтисодию тиҷоратии муштараки Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши иқтисодию тиҷоратии муштараки Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея иштирок намуданд
Дар Риёз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин Ҳамоиши Сарони давлатҳо дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея» иштирок намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо ширкати SK Specialty-и Корея оид ба коркард ва истеҳсоли волфрам тақвият медиҳад
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Корея
ТАҲКИМИ БЕХАТАРИИ САНОАТӢ ВА РУШДИ УСТУВОР. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ҳан Сон Сук мулоқот намуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сеул дар назди маҷмааи ёдгории Оромгоҳи миллии Корея гулчанбар гузоштанд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ — 35 СОЛИ ШУКУФОӢ БО НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ «РОҒУН». Таҳти чунин унвон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Сеул шуданд






