Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон ба фаъолияти марҳилаи сеюми корхонаи истеҳсоли халтаҳо дар ҶДММ «Суғдпак» оғоз бахшиданд
ДУШАНБЕ, 15.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 15 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли халтаҳои калонҳаҷм дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғдпак» оғоз бахшиданд.
Корхонаи нави ҷамъияти «Суғдпак» аз коргоҳи бофандагию дӯзандагӣ иборат буда, марҳилаи сеюми истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ маҳсуб меёбад.
Таъсису фаъолияти коргоҳҳои нав дар баробари саҳмгузорӣ дар рушди иқтисодиёт ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҳалли масоили иҷтимоӣ, аз ҷумла таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд. Дар коргоҳҳои бофандагию дӯзандагии нави «Суғдпак» 150 нафар коргарону мутахассисон бо ҷойи кори баландмузд таъмин гардидаанд, ки аксаран сокинони маҳаллӣ аз шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Хуҷанд, Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошанд.
Мавриди зикр аст, ки моҳи октябри соли 2013 корхонаи якум оид ба истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ ва моҳи ноябри соли 2017 марҳилаи дуюми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суғдпак” оид ба истеҳсоли халтаҳои полимерӣ бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият оғоз карда буданд.
Муассис, соҳибкорон ва масъулону мутахассисони корхона баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар самти афзун намудани ҳаҷму номгӯи маҳсулот, васеъ кардани корхона иқдомҳои навбатиро амалӣ намуданд. Давоми 2 сол иншооти нави дуошёна барои корхонаи сеюм бо ҳамаи инфрасохтори истеҳсолӣ-технологӣ бунёд карда шуд.
Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки корхона бо ҷалби 13 миллион сомонӣ сармояи дохилӣ бо бунёди иншооти истеҳсолӣ дар масоҳати 5 ҳазор метри мураббаъ, бо васлу насби хатҳои технологии бофандагию дӯзандагии якчанд давлатҳои хориҷӣ, бо иқтидори истеҳсоли зиёда аз 400 ҳазор дона халтаҳои калонҳаҷм дар 1 сол бо саҳми соҳибкорони ватанӣ таъсис дода шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорон ва мутахассисони ширкати “Суғдпак”-ро дар таъсиси корхонаҳои саноатӣ, ки саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ мебошад, шоиста арзёбӣ намуданд.
Дар корхона истеҳсоли халтаҳои калонҳаҷми намуди “Биг-Бег” дар хатҳои технологии бофандагию дӯзандагӣ шурӯъ аз коркарди ашёи хом-полипропилен ва дигар ашёи хоми полимерӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ин ҷо истеҳсоли пайдарҳами аз коркарди ашёи хом то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ бо васлу насби 200 адад таҷҳизоти коркарди гранулаҳо, дастгоҳҳои бофандагӣ ва дӯзандагӣ ташкил карда шудааст.
Муассис ва соҳибкорони ҷамъияти “Суғдпак” дар Осиёи Марказӣ бозори ин гуна маҳсулотро аз худ кардаанд. Ҳоло халтаҳои истеҳсоли корхона ба давлатҳои хориҷӣ — Ҷумҳурии Қазоқистон ва Федератсияи Русия содирот карда мешаванд ва дар давлатҳои хориҷи дур ба маҳсулоти корхона талабот пайдо шудааст.
Баъди шиносии пурра бо корхона ва шароити фароҳамоварда Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо коргарону мутахасссисон ва роҳбарияти корхона аз наздик суҳбат намуда, ба соҳибкорон барои обод кардани як гӯшаи Ватан, иқдомҳои созандагӣ ва саҳми муносиб дар раванди саноатикунонӣ баҳои арзанда доданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд






